расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навор: Боздошт ва оғози парванда барои муноқиша ва занозании гурӯҳӣ дар роҳи автомобилгард (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навор: Боздошт ва оғози парванда барои муноқиша ва занозании гурӯҳӣ дар роҳи автомобилгард (ВИДЕО)

  Дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ ҷавонон дар роҳи автомобилгард инъикос ёфтааст, ки онҳо ҳамдигарро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукуб қарор медиҳанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ин ҳодиса санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ рух дода, ҳамчун ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст.
  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки санаи мазкур шаҳрвандон:
Нуров Муҳаммад Ғалиматович санаи таваллудаш 19.06.1992. сокини ш. Душанбе кӯчаи Ҷ. Расулов;
Мадибоев Толибҷон Зарифҷонович санаи таваллудаш 25.11.1996. сокини ш. Душанбе кӯчаи Ҷ. Расулов;
ҳангоми дар дохили автомашина дар чорроҳаи кӯчаҳои Маяковский ва С. Шерозии н. Сино қарор доштан Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро вайрон намудаанд, ки мавриди эроди мусофирони автомашинаи дигар, яъне шаҳрвандон:
Миров Сафаралӣ Худойдодович санаи таваллудаш 03.10.1988. сокини ш. Душанбе кӯчаи Шерализода;
Миров Эмомалӣ Худойдодович санаи таваллудаш 30. 03. 1993. сокини ш. Душанбе кӯчаи А. Сино;
қарор гирифтааст.
  Бинобар сабаби ба вуҷуд омадани ҳолати садамавӣ номбурдагон байни ҳамдигар баҳс намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Чуноне дар навор дида мешавад ҳарду ҷониб ҳамдигарро ҳақорату дашномҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди лату куб қарор додаанд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршудагон Нуров Муҳаммад, Мадибоев Толибҷон, Миров Сафаралӣ ва Миров Эмомалӣ бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати пешбурди корҳои тафтишотӣ ҳар чор гумонбарон дар Махкамаи нигаҳдории муваққатии Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.