расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ. 21 нафар маҷрӯҳ шуд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дид

. / Ҳаводис

Муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ. 21 нафар маҷрӯҳ шуд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дид

Дар пайи муноқиша миёни мухлисони ду дастаи футбол дар шаҳри Хоруғ 21 нафар ҷароҳат бардошта, чандин бинои маъмурӣ осеб дидааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳодиса бегоҳи 19-уми сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и Хоруғ рӯй додааст.
Ба қавли манбаъ, муноқиша баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол миёни мухлисони дастаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и сар зад.
"Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруғ, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарари техникӣ бардошта, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА "Амонатбонк" шикаста шудааст"-хабар додааст Вазорати корҳои дохилӣ.
Мақомот мегӯянд, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, омилони ҳодисаро ҷустуҷӯ доранд. Ҳодиса дар майдончаи футболи мактаби рақами 2-дар маркази шаҳри Хоруғ сар задааст.
Гулрӯз Наврӯзов, директори ин мактаб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бозии футбол хуб гузашт, вале бар сари натиҷаи бозӣ ҷанҷол сар зад. Наврӯзов гуфт, дастаи "Гулакен" дастаи маҳаллаи "Хоруғи боло" (Бархоруғ)-ро ба ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва баъд аз он муноқиша сар зад.
"Сангпартоӣ байни мухлисон сар шуду он тарафаш шикастани тирезеҳо, дод задан дигар шаб, ки медонад. Як тараф бой дод, сар шуд ҷангу дашному бетартибӣ. Ҳодиса 10-15 дақиқа давом кард ва баъд ба роҳи асосӣ баромаданд, ҷангу ҷанҷолу сангзанӣ шуд",-гуфт директори мактаби рақами 2.
Гулрӯз Наврӯзов афзуд, мақомот омада тирезаҳои шикастаи мактабро диданд ва зарарро ҳисоб карданд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, сангпартоӣ аз ҷониби ҳар ду тараф (бо истифода аз санг ва брусчатка) дар маркази шаҳр рӯ ба рӯи бинои Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ қариб як соат давом кардааст.
Назарри иштирокдорони қазия феълан дастрас нест.
Мақомоти вилояти Бадахшон дар ин бора иттилоъ надодаанд. Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти мухтори куҳистони Бадахшон буда, солҳои пеш шоҳиди муноқиша ва эътирози ҷавонон шуда буд. Аз соли 2018 дар ин шаҳр постгоҳҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ амал мекунад.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.