расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 4 ШАУРМАПАЗИ ТОҶИК БА ЗАҲРОЛУД КАРДАНИ 22 МУШТАРӢ ВА МАРГИ ЯК ДУХТАР АЙБДОР МЕШАВАНД

Асосӣ / Ҷомеа

4 ШАУРМАПАЗИ ТОҶИК БА ЗАҲРОЛУД КАРДАНИ 22 МУШТАРӢ ВА МАРГИ ЯК ДУХТАР АЙБДОР МЕШАВАНД

4 ШАУРМАПАЗИ ТОҶИК БА ЗАҲРОЛУД КАРДАНИ 22 МУШТАРӢ ВА МАРГИ ЯК ДУХТАР АЙБДОР МЕШАВАНД 
Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Курски Русия рӯзи 10 сентябри соли 2023 шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Парвиз Алимардонзодаро дар чорчӯби парвандаи пурсарусадои заҳролуд шудани 22 муштарии дӯкони шаурмафурӯшӣ дар шаҳри Лгови вилояти Курск ва марги як духтари  23-сола пас аз истеъмоли шаурмаи ин дӯкон то 6 ноябр ба ҳабс гирифт. Парвиз дар ин дӯкони бадномшуда ба ҳайси шаурмапаз кор мекард.
Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Курск, ки ҷараёни мурофиаи ин парвандаи пурсарусадоро бо нашри аксу видеоҳои зиёд аз толори додгоҳ инъикос кард, хабар дод, ки далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Парвиз Алимардонзода ин буд, ки муҳлати сабти номи ӯ дар Лгов алакай рӯзи 17 сентябр ба поён мерасад. 
Се айбдоршавандаи дигар дар ин парвандаро, ки низ зодагони Тоҷикистонанд, вале шаҳрвандии Русияро доранд, додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ фиристод. 
Соҳиби ин дӯкони шаурмафурӯшӣ Мансуршоҳ Файёзов, ҷияни 23-солааш Шаҳриёр Файёзов, ки донишҷӯи коллеҷ буд ва ҳамзамон дар дӯкони амакаш кор мекард, модари 46-солаи Шаҳриёр – Дилбар Сангова, ки дар инҷо ба ҳайси ёвар кор мекард, ва шаурмапази дуюм Парвиз Алимардонзода рӯзи ҷумъа, 8 сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи тафтишо дастгир шуданд. Бино ба иттилои вазорати тандурустии вилояти Курск, 22 нафар, аз ҷумла 8 кӯдаку наврас, баъди истеъмоли шаурма дар дӯкони Файёзов бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба табибон муроҷиат кардаанд ва яке аз онҳо  -  духтари 23-сола – ҷон додааст.
Ба зодагони Тоҷикикистон ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то ним миллион рубл, ваё то 5 сол корҳои ислоҳӣ ваё то 6 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи ним миллион рубл таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.