расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ 11 ТО 13 СЕНТЯБР ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ 11 ТО 13 СЕНТЯБР ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД

АЗ 11 ТО 13 СЕНТЯБР ТОҶИКИСТОН ДИГАРБОРА ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро хабардор кард, ки  рӯзҳои 11-13 сентябри соли 2023 бар асари тағйири обу ҳаво дар навоҳии марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои пурчангу хок дар назар дошта шудааст. Он ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии ҳаммарз бо Тоҷикистон ворид мешавад.  Чангхок метавонад боиси олудагии ҳаво бо ҳиссачаҳои андозаи  10 мкр (Рm- 10) ва 2,5 мкр (Рm-2,5) шавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ аз хатари чунин ҳавои номусоид тавсия медиҳад:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тӯр бипӯшед. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна линзаҳо ё айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.