расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАСПОРТИ РУСИЯ ДАРДИ САР ШУД? БОЗДОШТИ МУҲОҶИРОНИ СОҲИБИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСҶИДИ КРАСНОДАР

Асосӣ / Муҳоҷир

ПАСПОРТИ РУСИЯ ДАРДИ САР ШУД? БОЗДОШТИ МУҲОҶИРОНИ СОҲИБИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСҶИДИ КРАСНОДАР

ПАСПОРТИ РУСИЯ ДАРДИ САР ШУД? БОЗДОШТИ МУҲОҶИРОНИ СОҲИБИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БАЪДИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСҶИДИ КРАСНОДАР 
Пулиси Русия бо ҷалби кормадони ФСБ ва Росгвардия рӯзи ҷумъа, 8 сентябри соли 2023  дар масҷиди ҷомеи шаҳри Краснодар рейд гузаронда, асноди муҳоҷиронеро, ки аз намози ҷумъа берун меомаданд, тафтиш кард. Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони пулис фақат онҳоеро, ки шаҳрвандии Русия доштанд, боздошт мекарданд ва бо худ мебурданд. Дар шарҳи ин амал масъулони рейд ба муҳоҷирон гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо муайян кардани онҳоест, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабт накардаанд. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки намозгузорон аз рафтори пулис дар умум ва бархӯрди хашини афсарони ОМОН ва СОБР алалхусус изҳори норозигӣ мекунанд.
Рӯзи 8 сентябр чунин рейд дар масҷиди шаҳри Верхняя Пишмаи вилояти Свердловск низ доир шуда, норозигии намозгузоронро ба бор овард. Валерий Горелих, сухангӯи пулиси ин вилоят гуфт, ҳадафи рейд дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабти ном кунондани муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандии Русия буд ва кормандони пулис рӯзи 8 сентябр баъди намози ҷумъа ба дасти 33 нафар даъватномаҳо ба комиссариати ҳарбиро супурдаанд. Қаблан чунин рейдҳо ва боздошти муҳоҷирони соҳиби шаҳрвандии Русия дар чандин шаҳри дигари ин кишвар, аз ҷумла дар Санкт Петербург ва Маскав низ мушоҳида шуда буд.
Кӯшишҳои дар комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбуран сабти ном кардани муҳоҷироне, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, дар ҳоле сурат мегирад, ки бино ба хабарҳои дарёфтӣ,ҳукумати президенти кунунии Русия Владимир Путин дар ҷанги зидди Украина ба камбуди шадиди нирӯ мувоҷеҳ шуда, дар фикри эълони маъракаи нави мобилизатсия аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.