расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДӮКОНИ САРРОФИРО ҒОРАТ КАРДААНД (АКС)

Асосӣ / Муҳоҷир

ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДӮКОНИ САРРОФИРО ҒОРАТ КАРДААНД (АКС)

ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ДӮКОНИ САРРОФИРО ҒОРАТ КАРДААНД (АКС)
Телеграм-канали “Вся Корея” бо такя ба пулиси шаҳри Инчхони Кореяи ҷанубӣ хабар дод, ки рӯзи 30 августи соли 2023, соати 11:50, ду шаҳрванди Тоҷикистон як дӯкони саррофиро дар шаҳри Пхёнтхэк, воқеъ дар канораҳои ҷанубии Инчхон ғорат кардаанд.  Лаҳзаи фирори ғоратгарон ба дурбини видеокамераи назоратӣ афтодааст. Бино ба маълумоти пулиси Инчхон,  ғоратгарон худро муштарӣ вонамуда кардаанд ва вақте ки зани 60-солае, ки дар ин дӯкони саррофӣ кор мекард, бехабар аз нақшаву нияти онҳо дари сейфро кушод, онҳо бо таҳдид аз силоҳ зани бечораро маҷбур кардаанд, ки 8 ҳазор доллар пули нақд (баробар ба тақрибан 10 миллион вон, воҳиди пули Кореяи ҷанубиро ба онҳо бидиҳад. Ғоратгарон бо ин ғанимати ба яғмо бурдаашон ба як мошини ҷипи рангаш сафеди нуқрагун нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. 
Мошинро пулис тақрибан 20 километр дурта аз маҳалли ҳодиса пайдо кардааст. Маълум шуд, ки мошинро махсус барои ин кор аз пеш дуздида будаанд.
Пулис бар асоси таҳқиқи сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ шахсияти гумонбаршавандагонро муайян карда, алакай рӯзи 31 август, соати 01:40, яке аз онҳо, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Инчхон замоне дастгир кардаанд, ки ӯ мехост кишварро тарк кунад.  Аммо шарики ӯ алакай нимаи дуюми ҳамон рӯзи 30 август, ҳамагӣ 5 соат баъди ғорати дӯкони саррофӣ бо ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон фирор кардааст ва бовар меравад, ки алакай худро ба Тоҷикистон расонда, пинҳон шудааст.  Пулис ӯро тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.
Пулиси Инчхон гумон мебарад, ки дар ин ҷиноят боз се зодаи дигари Тоҷикистон низ даст доштанд. Онҳоро субҳи 31 август, соати 07:30 дар фурудгоҳ дастгир кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.