расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮДАКӢ ВА АЙНӢ, ДУ ДУЗДӢ ДАР ПОЙТАХТУ ФАЙЗОБОД ВА ДУ ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИН

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮДАКӢ ВА АЙНӢ, ДУ ДУЗДӢ ДАР ПОЙТАХТУ ФАЙЗОБОД ВА ДУ ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИН

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮДАКӢ ВА АЙНӢ, ДУ ДУЗДӢ ДАР ПОЙТАХТУ ФАЙЗОБОД ВА ДУ ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ МОШИН
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023
Шаби 30-юми июли соли 2023, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Валӣ Абдузукурович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Сомониён ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, дар ҳудуди кӯчаи И.Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Шоев Исмоил Илҳомиддинович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Шоев И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда дар беморхона бистарӣ гардида, сипас дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
31-уми июли соли 2023, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген» (электромобил), Баротов Абдурасул Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар километри 86-уми ҳудуди мавзеи «Зиммарғ»-и деҳаи Такфон, ҷамоати деҳоти Анзоб аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Шакман», таҳти идораи ронанда, Гулов Мир акар Қурбонович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Варзоб, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген», Баротов А.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.