расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон

Асосӣ / Иқтисодиёт

Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон

Кишоварзони шимоли Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи зиёда аз 4,2 млн сомон маҳсулот тавлид кардаанд

Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд тайи нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% таъмин шудааст.
Ба иттилои омори расмӣ, кишоварзони вилоят ба ҳолати аввали моҳи июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4,2 млрд сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони зиёда аз 280 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, аз ҷумла дар вилоят истеҳсоли сабзавотба зиёда аз 88 ҳазор тона расонда шудааст. Инчунин тавлиди мевагиҳо ба 91 ҳазор тон баробар шудаст.
Тибқи омор, истеҳсоли пиёз 1%, картошка 0,3%, полезӣ 11% ва мевагиҳо зиёда аз 2 баробар бештар ҷамъоварӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба маблағи зиёда аз 12 млрд сомониро ташкил дод.
Дар умум ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ба иттилои Хол Ҳайдар, ҳаҷми воридоти коло дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.