расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибон аз Русия дархост карданд, ки додани раводид ба афғонҳоро содатар кунад

Асосӣ / Сиёсат

Толибон аз Русия дархост карданд, ки додани раводид ба афғонҳоро содатар кунад

То кунун ҳукумати Толибонро ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба расмият нашинохтааст

Ҳукумати Афғонистон, ки аз сӯи ҳаракати тундрави Толибон таъсис ёфтааст, бо дархости сода кардани додани раводид ба шаҳрвандон ва тоҷирони афғон ба Русия муроҷиат кардааст. Дар ин бора хабаргузории Фергана бо истинод ба шабакаи телевизионии TOLOnews хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин дархостро роҳбари Вазорати корҳои хориҷии *Толибон Амир Хон Муттақӣ зимни мулоқот бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов баён кардааст. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи баргузории мулоқоти Афғонистонро дар формати Маскав баррасӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки баҳори соли 2021 хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва дигар воҳидҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон оғоз шуд. Толибон аз коҳиши нирӯҳои хориҷӣ истифода карда, як қатор минтақаҳои кишварро ғасб карданд ва аллакай рӯзи 15 август бидуни ҷанг пойтахти Кобулро тасарруф намуданд.
Аввали моҳи сентябр ҳукумати нави Афғонистон таъсис ёфт, ки ба ҳайати он танҳо аъзои ҳаракати тундгаро шомил шуданд. То кунун ин ҳукуматро ҳеҷ кишвари ҷаҳон ба расмият нашинохтааст, вале Толибон пайваста дар конфронсҳои мухталифи байналмилалӣ ширкат мекунанд ва намояндагони ҳукуматҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои музокира бо онҳо ба Кобул меоянд.
Моҳи марти соли 2022 Маскав аввалин дипломати афғонро аз ҳукумати Толибон пазируфт (сабтином кард). Ва дар моҳи апрели ҳамон сол мақомоти Русия намояндаи ифротгароёнро раҳбари намояндагии дипломатии Афғонистон эътироф карданд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.