расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Истеъфои як вазири Молдова дар робита ба тирпарронии шаҳрванди Тоҷикистон

Асосӣ / Ҳаводис / Ҷаҳон

Истеъфои як вазири Молдова дар робита ба тирпарронии шаҳрванди Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Молдова пас аз ду ҳафтаи тирпаронии як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёв аз мансабаш истеъфо дод. Хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 14-уми июл гуфт, Дорин Речан, нахуствазири Молдова, истеъфои Анна Равенкоро пазируфт.

Вазири илм ва вазири инфрасохтори Молдова низ аз мақомҳои худ рафтаанд. Пештар намояндагони мухолифон дар Молдова дар пайванд ба тирандозӣ дар фурудгоҳи Кишинёв истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.
Дар ҳодисаи 30-юми июн, ки масъулаш як шаҳрванди Тоҷикистон ба номи Рустам Ашӯров аст, ду маъмури фурудгоҳ кушта шуданд. Худи Ашӯров, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро яке аз гумонбарон ба рабудану куштани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Истматуллоев медонанд, бо даҳ зарби тир захмӣ шуда, дертар дар бемористон ҷон дод.
Мақомоти Молдова гуфтанд, ҳодиса баъд аз он рӯй дод, ки Рустам Ашӯрови 43-соларо ба далели амниятӣ ба Кишинёв роҳ надоданд ва ӯ ба Истанбул пас гардонда мешуд. Аммо ба гуфтаи мақомоти Молдова, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки собиқ милиса буд, туфанги яке аз маъмурони фурудгоҳро гирифту ду касро кушт.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Ашӯров рӯзи 25-уми июн ба Туркия ва аз онҷо ба Молдова рафта буд. Дар Молдова ба ёди қурбониён 4-уми июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карда, маъмурони кушташудаи фурудгоҳро барои шуҷоату хидмати сазовор пас аз маргашон қадрдонӣ карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.