расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАРГУЗАШТИ ҚОРИИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САМАРИДДИН САМАДОВ, БАРАНДАИ САБҚАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚИРОАТИ “ҚУРЪОН”

Асосӣ / Дин / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ҚОРИИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САМАРИДДИН САМАДОВ, БАРАНДАИ САБҚАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚИРОАТИ “ҚУРЪОН”

ДАРГУЗАШТИ ҚОРИИ ШИНОХТАИ ТОҶИК САМАРИДДИН САМАДОВ, БАРАНДАИ САБҚАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҚИРОАТИ “ҚУРЪОН”
Қории шинохтаи тоҷик, барандаи  мақомҳои баланди дуюм ва сеюм дар мусобиқаҳои байналмилалии қироати “Қуръон” Самариддин Самадов дар синни 41 дар Душанбе  аз олам чашм пӯшид. Дар бораи даргузашти ин қории маъруф ҳамсабақаш Саидисоқ Бобоев  хабар дод. Ӯ ба  “Бомдод” гуфт, ҳамсабақаш дар Душанбе ба иллати баногоҳ аз кор мондани қалбаш дар чунин синни ҷавон ҷавонмарг шудааст.
Самариддин Самадов соли 1982 дар деҳаи Чилчаи ҷамоати Бобоюнуси ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти вақти Кӯлоб ба дунё омада, дар Эрон дар Донишгоҳи ҶомиатулМустафо дар риштаи қироати “Қуръони Карим” таҳсил карда буд. Бино ба иттилои Саидисоқ Бобоев, Самариддин Самадов ҷияни марҳум Эшони Закариё, узви собиқи раёсати ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) буд ва соли 2000 маҳз бо ҳидоят ва роҳнамоии тағояш барои таҳсил ба Эрон рафту унвони докториро дар риштаи қироати “Қуръон” ба даст овард.  Баъди бозгашт аз Эрон қорӣ Самариддин дар Душанбе зиндагӣ мекард.
Қорӣ Самариддин  дар чанд мусобиқаи байналмилалии қироати “Қуръон” ҷойҳои дуюм ва сеюмро ба даст овард.  Дар охирин мусобиқаи қироати “Қуръон” дар Теҳрон қорӣ Самариддин ба ҳайси довар иштирок дошт. Баъди анҷоми мусобиқа ӯ дар Эрон чанд муддат барои табобаташ монд, вале мутаассифона, теғи аҷал риштаи умри ин қории шинохтаро дар айни ҷавонӣ барканд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.