расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Амруллоҳ Солеҳ: Миёни Вашингтон ва Толибон паймони пинҳонӣ вуҷуд дорад

Асосӣ / Ҷаҳон

Амруллоҳ Солеҳ: Миёни Вашингтон ва Толибон паймони пинҳонӣ вуҷуд дорад

Ноиби раисиҷумҳури фирории Афғонистон сиёсатмадорони ин кишварро ба иттиҳод ва муқовимат даъват кард.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон аз сиёсатмадорони ин кишвар хостааст, ки “мунтазири Амрико нашаванд ва ба муқовимати мусаллаҳона” шурӯъ кунанд.
Ӯ ин даъвати худро дар сафҳаи Twitter навишта, бо назардошти суханони ахири Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ки гуфт, “Ал-Қоида* дигар дар Афғонистон вуҷуд надорад”, таъкид кардааст, “миёни Вашингтон ва Толибон* паймони пинҳонӣ вуҷуд дорад”.
Амруллоҳ Солеҳ зикр намуда, ки равобити Амрикову Толибон бояд ба қишри хирадманди табақаи сиёсии Афғонистон рӯшан карда бошад, ки “давраи интизор ва бубинем, ки чӣ мешавад” тамом шудааст.
“Мо бояд муттаҳид шавем ва ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ кунем”, - иброз доштааст Амруллоҳ Солеҳ.
Ӯ тавофуқи дар шаҳри Давҳаи Қатар миёни Толибон ва ИМА басташударо “дасиса барои ба кор гирифтани Толибон ба унвони як абзори геополитикӣ” номида, гуфтааст, ки “Толибон як таҳдиди ошкор ва пинҳонӣ барои ҳама кишварҳои минтақа ба ҷуз Покистон аст”.
Гуфтан ба маврид аст, ки Амруллоҳ Солеҳро ғолибан кушта шудани Айман аз-Завоҳирӣ, яке аз роҳбарони Ал-Қоида дар Кобул ва бо вуҷуди ин, “Ал-Қоида дигар дар Афғонистон вуҷуд надорад” гуфтани Ҷо Байден дар як нишасти хабарӣ, ба навиштани ин матлаб водор сохтааст.
Ёдовар мешавем, ки Амруллоҳ Солеҳ то замони суқути низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 ва ба сари қудрат омадани Толибон ба ҳайри ноиби Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури фирории Афғонистон фаъолият дошт. Баъд аз шикасти Кобул ба дараи Панҷшер рафт ва худро сарпарасти қонунии курсии раисиҷумҳури Афғонистон эълон кард. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба сар мебарад ва ба чӣ кор машғул аст.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.