расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?

Асосӣ / Сиёсат

Оқибати дурҷӯӣ аз ИДМ: Чаро Кишинёв фавран дар бораи муттаҳами тирпарронӣ маълумот наёфт?

Мақомоти Молдова натавонистанд ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронии маргбор дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст оранд

Ба далели бозхондаи намояндаи худ аз Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткориҳо дар ИДМ Молдова натавонист ба таври фаврӣ дар бораи муттаҳам дар тирпарронӣ дар фурудгоҳи Кишинёв маълумот ба даст орад.
Роҳбари "Ҳизби мо", Ренато Усатий изҳор доштааст, ки Молдова расман аз бюро хориҷ нашудааст, аммо намояндаашро бозхонд кардаву дар кори тобдули фаврии маълумот иштирок намекунад, навиштааст Sputnik Молдова.
Таъкид шудааст, ки табодули иттилоъ миёни Молдова ва Тоҷикистон на бевосита, балки аз тариқи сафоратхона дар Украина сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки 30 июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймо аз Истанбул омада буд, дар фурудгоҳи Кишинёв иҷозати вуруд пайдо накард ва даст ба тирпарронии маргбор зад.
Вай ҳангоми роҳнамоӣ ба минтақаи махсус барои бозгашт, таппончаи маъмури амнияти фурудгоҳро ситонда, ду нафар - як марзбон ва афсари амнияти фурудгоҳро парондаст.
Дар пайи ҳамла ин шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи нерӯҳои вижа захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфт. Айни замон ӯ таҳти посбонӣ қарор дошта, аҳволаш вазнин арзёбӣ мешавад.
Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ин нафар, зодаи 43-солаи шаҳри Душанбе, узви гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст, ки дар рабудани муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоев даст дорад.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҷустуҷӯи ӯ аз 23 июн идома дорад.

sputnik.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.