расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муовини вазири корҳои дохилӣ дар пайи як

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Муовини вазири корҳои дохилӣ дар пайи як

Полковник Абдураҳмон Муборакқадамзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли гузашта ба ин мансаб таъин гардида буд, рӯзи 17-уми июн, дар пайи як беморӣ,дар синни 52-солгаӣ аз олам даргузашт.

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як таъзия марги полковники тоҷикро нобаҳангом номида ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ кард.
Аз ВКД гуфтанд, Абдураҳмон Муборакқадамзода дар пайи бемории фишорбаландӣ чанд рӯз дар беморхона бистарӣ шуд ва даргузашт.
Абдураҳмон Муборакқадамзода соли 1971 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шуд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ будааст.
Ӯ фаъолияти кории худро дар соли 1994 ҳамчун нозири хадамоти патрулӣ-пайроҳадории Раёсати ВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, то ба дараҷаи муовини вазири корҳои дохилӣ расид.
Муборакқадамзода ҳамчунин, ваколатдори оперативӣ, ваколатдори калони оперативӣ, муовини сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.
Фаъолияти бештари ӯ, дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд гузаштааст.
Абдураҳмон Муборакқадамзода баъди хатми Академияи ВКД-и Русия ба ҳайси сардори шуъбачаи пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд кор мекунад.
Баъдан, дар соли 2010 ҳамчун сардори шуъбачаи барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаи Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд ва аз соли 2012-2014 ба ҳайси муовин ва сардори ҳамин шуъба фаъолият намудааст.
Як сол муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷан оид ба корҳои оперативӣ буд ва соли 2015 муовини сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ оид ба корҳои оперативӣ кор кард.
Ҳамин тариқ, соли 2016 муовини сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, солҳои 2017-2018 муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва солҳои 2018-2022 сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ кор кардааст.
ВКД менависад, ки моҳи ноябри соли 2021 “ҳангоми адо намудани хизмат оид ба нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ” аз тарафи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори ВМКБ бо корд захмӣ ва 3 моҳ бистарӣ гардидааст.
Муборакқадамзода Абдураҳмон 17-уми августи соли 2022 ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардида буд.
Ӯ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ - медали “Ҷасорат” ва ордени “Спитамен” дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.