расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Як ҳафтаи ҷаҳон: Чаро бозори кори Русияро аз тоҷикон “тоза мекунанд”?

Асосӣ / Муҳоҷир

Як ҳафтаи ҷаҳон: Чаро бозори кори Русияро аз тоҷикон “тоза мекунанд”?

Чанд ҳафтаи ахир рӯйдодҳои байнаумилалӣ зиёд буданд, аммо чанде аз онҳо бештар дар фазои пасошӯравӣ ва минтақаи мо мавриди баррасӣ қарор гирифта қобили таваҷҷуҳ буданд. Онҳо ба ҳаводиси Украина, сафари Лавров ба Тоҷикистон, мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ва Осиёи Марказӣ дар Русия иртибот доранд.

Украина: рахнаи садди обанбори Каховская ва ҳамла ҷавобии Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар

Аз рӯзи сешанбе таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон ба сарбанди харобшудаи обанбори Каховская дар ҷануби Украина ва обхезӣ, ки дар ду тарафи Днепр қариб 600 километри мураббаъро фаро гирифт, ҷалб шуд.
Чунин таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳонӣ инчунин бо он шарҳ дода мешавад, ки дар наздикии он нерӯгоҳи барқи атомии Запорожйе он ҷойгир аст, ки реакторҳои он аз ҳисоби оби гирифта аз обанбори мазкур сард мешаванд.
Ҳамин тариқ, нақзи системаи сардшавии реактор моҳиятан метавонист як фалокати глобалиро аз лиҳози миқёс ба мисли таркиши реактори нерӯгоҳи атомии Чернобил ё садамаҳо дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукусима ба вуҷуд орад.
Хушбахтона, коршиносони МАГАТЭ ба хулосае омаданд, ки барои амнияти ҳастаии нерӯгоҳи Запорожйе хатари мустақим вуҷуд надорад.
Тибқи иттилои ВВС, дар натиҷаи тахриби қисми болоии сарбанд, майдони нерӯгоҳи барқи обӣ ва беш аз 3,6 ҳазор хона дар 32 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Херсон зери об монда, кӯчонидани сокинон давом дорад; дар ҷануби Украина ва Қрим ҳарос доранд, ки бе об мемонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.