расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир

. / Муҳоҷир

Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир

Давлатҳои Осиёи Марказӣ ба сафи манбаъҳои асосии кормандони мавсимӣ ба ин кишвар шомил шудаанд.

Тавре ки портали SIA хабар медиҳад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сафи манбаъҳои асосии кормандони мавсимӣ ба Британияи Кабир шомил шудаанд. Имсол ҳудуди 1 ҳазор нафар аз Тоҷикистон метавонанд барои ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева ба ин кишвар раванд.
Дар Тоҷикистон айни замон имтиҳонгирӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ба кори мавсимӣ фиристодани коргарон ба Британияи Кабир ҷараён дорад.
“Тақрибан ҳудуди 1 ҳазор нафар коргарон имсол дақиқан барои кори 6-моҳа ба Британияи Кабир мераванд”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ.
Ҳанӯз моҳи марти соли равон сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорат Иматшо Нодирзода бо роҳбари ширкати "HOPS Labor Solutions Ltd" Ҷонатан Берҷесс дар мавриди муташаккилона фиристодани коргарон ба кори мавсимӣ дидору гуфтушунид карда буд.
Давоми моҳҳои апрел интихоб сурат гирифта, бо анҷоми он намояндаи ширкати "HOPS Labor Solutions Ltd" Димчо Усурский рӯзи 23 май бо шахсони аризадода вохӯрд. Зимни вохӯрӣ ӯ дар бораи шароити кор, талабот ба муҳоҷирони корӣ маълумот дод.
Рӯзи 24 май дар Душанбе директор оид ба стратегияи Раёсати мубориза бо бандитизм ва зӯроварии меҳнатии Британияи Кабир (GLAA) Дэррил Диксон ҳамроҳи сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тимоти Эйдана Маршал Ҷонс аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат боздид кард.
Дар вохӯрӣ масоили риояи қоидаҳои будубош, ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ, пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масоили муҳими ҷонибҳо дар ин самт баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, Диксон ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ташриф оварда, дар суҳбатҳои кормандони ширкати "HOPS Labor Solutions Ltd" бо хоҳишмадони сафар барои кор иштирок кард.
Баҳори соли 2022 фермерҳои бритониёӣ коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказиро фаъолона ҷустуҷӯ мекарданд. Ба ин васила онҳо умед доштанд, ки ҷараёни коҳиши муҳоҷирон аз Украина ва Русияро иваз кунанд. Аз ҷумла, дар як соли ахир мақомоти Шоҳигарии Муттаҳида ба муҳоҷирони Ӯзбекистон ва Қирғизистон беш аз 6 ҳазор раводиди корӣ додаанд, ки тақрибан чоряки шумори умумии онҳост.
Аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Британияи Кабир Ӯзбекистон пас аз Украина дар ҷои дуюм қарор гирифт. Қирғизистон ҷои чорумро ишғол кард. Соли гузашта бори нахуст аз Тоҷикистон як гурӯҳи 126 нафарӣ барои кор ба Британия фиристода шуда буд. Баъдан ба онҳо боз 200 муҳоҷири корӣ ҳамроҳ шуданд.
Дар GLAAбар ин назаранд, ки имсол шумори муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад зиёд шавад ва ширкат бо мақомоти дахлдори Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи муҳоҷирати корӣ аллакай созишнома ба имзо расонидааст.
“Мо дар соли 2022 афзоиши босуръати коргарони мавсимиро ба Британияи Кабир аз Ӯзбекистону Қирғизистон мушоҳида кардем. Маълумоти мо гувоҳи онанд, ки солҳои наздик ин ҷараён танҳо зиёд мешавад”, - гуфтааст роҳбари Раёсат Диксон.

Кор чӣ гуна аст?

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.
Арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст. Ҳамчунин онҳо бояд забони англисиро дар сатҳи гуфтугӯ донанд.
Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.

Ба эълонҳои бардурӯғ бовар накунед

Қаблан сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки ахиран ҳодисаҳои пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар зиёд шудааст.
Дар саҳифаи худ дар Facebook сафорат шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ба ин гуна эълонҳои қалбакӣ бовар накунанд. Аз ҷумла, қалбакӣ будани даъватро метавон аз он фаҳмид, ки дар он дар бораи гирифтани раводид (виза) дар сафорат сухан меравад.
“Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе раводид умуман намедиҳад.  Агар ба шумо гӯянд, ки шумо метавонед раводидро аз Сафорат гиред, он гоҳ ширкате, ки шумо бо он сарукор доред, ҳақиқӣ нест! Хоҳишмандон нахуст бояд ба Марказҳои машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба  маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact муроҷиат намоянд, ки дар он барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад”, - омада буд дар хабар.
Агар оид ба барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир савол дошта бошед, лутфан ба телефони боварӣ занг занед: 225 05 75;  225 02 21.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.