расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Чемпионатҳои футболи Осиё U-16 ва U-19 ба соли дигар гузаронида шуданд

. / Варзиш

Чемпионатҳои футболи Осиё U-16 ва U-19 ба соли дигар гузаронида шуданд

Мусобиқаи Ҷоми футболи КФО имсол баргузор намешавад.

Сурат: аз сомонаи ФФТ
Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи ОСиё (КФО) дар ҷаласаи онлайнии рӯзи 10 сентябр тасмим гирифт, ки бо назардошти солимии футболбозони ҷавону наврас ва инчунин мушкилоти сафар, Чемпионатҳои футболи Осиё байни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19), ки баргузориашон имсол дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буд, ба соли 2021 гузаронида мешаванд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии КФО, Чемпионати футзали Осиё аз 2 то 13 декабри соли равон (бояд моҳи ноябр доир мегардид), дар Кувейт баргузор мешавад.
“Бо назардошти мушкилоти ҳамоҳангсозии мусобиқа дар 5 минтақаи Ҷоми КФО, пандемияи идомадошта ва дигар ҳолатҳои ғайримунтазира, мутаассифона, баргузории мусобиқаи Ҷоми КФО дар соли 2020 бекор шуд”, - омадааст дар маълумоти сомонаи Конфедератсия.

Ин маънои онро дорад, ки бозиҳои боқимондаи дастаҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон дар ин мусобиқа имсол дигар баргузор намешаванд.
Баргузории бозиҳои минтақаи шарқи Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар давраи аз 15 ноябр то 13 декабри соли равон пешбинӣ шудаанд.
Кумитаи иҷроияи КФО ҳамчунин тасдиқ намуд, ки бозии финалии Лигаи чемпионҳои КФО дар минтақаи Ғарб 19 декабр дар шакли як бозӣ доир мегардад.
Ҷоми ҳамраъйии КФО низ бар асаи ҳолатҳои ғайримунтазира бекор шуда, соли 2024 баргузор мешавад. Чемпионати футзали Осиё байни дастаҳо низ бекор шуда, мусбиқаи минбаъда соли 2021 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Ғайр аз ин, қарор шуд, ки Конгресси 30-юми КФО, ки 9 декабри дар Куала-Лумпур доир мегардад, тариқи онлайн гузаронида хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.