АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа
“Вазъият ором аст, мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд”
Пас аз имзои созишнома миёни раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон, ки шоми дирӯз, 19-уми сентябр, иттифоқ афтод, вазъият дар марзи ду кишвар ором буда, мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Asia-Plus” хабар доданд.
“Шаб дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ором буд, ягон ҳодисаи ғайричашмдошт рух надодааст. Ҳолати умумӣ дар хати марз низ муътадил арзёбӣ мешавад. Сокинон ба ҳаёти осоиштаи хуб бармегарданд”, - гуфтанд аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Сокинони маҳаллӣ низ дар суҳбат бо “Asia-Plus” тасдиқ намуданд, ки вазъ дар сарҳад ором аст ва ҳеҷ гуна муноқиша мушоҳида намешавад. Ҳоло корҳои бартарафкунии оқибатҳои низоъ ҷараён дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки шоми дирӯз, 19-уми сентябр раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқот намуда, протокол оташбасро имзо намуданд. Пртокол аз се банд иборат мебошад:
-баровардани қушунҳо аз хатти сарҳадӣ ва баргардонибан ба ҷойҳои доимиашон;
-дар марзи ду кишвар танҳо отрядҳои сарҳадӣ боқӣ хоҳанд монд;
-давом додани раванди ҳалли масъалаҳои сарҳад, муътадил гардондани вазъият дар марз.