Имзои 9 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Арманистон

 

То имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳоро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод.

Нимаи дуюми рӯзи 14 июн сафари расмии Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Арманистон идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз пазироии гарму самимии ҳукумат ва мардуми дӯсти арман изҳори сипосу миннатдорӣ карда, аз муносибатҳои деринаи ду кишвар, саҳми мардумон дар рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷаҳду талошҳои халқи арман барои шукуфоии диёрашон ёдовар шуданд.

Аз сатҳи кунунии муносибатҳои ду ҷониб, ки имсол аз барқароршавии равобити дипломатии мамлакатҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар манфиатдор аст ва мо кушиш менамоем, ки бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем.

Қабули Шартнома дар бораи дӯстию ҳамкорӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ номида шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ҳалли масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ муосир, имкони мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар алоқаи бевосита байни субектҳои амалкунандаи ҳарду ҷониб ба роҳ монда шавад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, саноати сабуку хурокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.

Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангҳову металлҳои қимматбаҳо, истеҳсоли молҳои алюминӣ ва дигар ашёи рузғор ба манфиати ҳар ду кишвар бояд истифода гардад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои амниятӣ дахл карда, вобаста ба ҳалли мушкилоту низоъҳо дар минтақаҳои даргир ва дигар кишварҳои ҷангзада роҳҳои муҳиму судманди ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Арманистон Серж Саргсян даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Аз рӯйи ҷамъбасти вохӯрии дучониба ва натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон барои солҳои 2018-2019;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия ва алоқаи почта;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба эътирофи мутақобила ва баробарарзишии тахассуси таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

- Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ;

- Созишнома байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 30 ҳуҷҷат ташкил медод, ки масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирифт.

Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Серж Саргсян аз рӯйи ҷамъбасти мулоқоти дуҷониба барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои музокироти сатҳи олиро баҳри рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ неку бобарор арзёбӣ намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ереван бо Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоян дидору гуфтушунид карда, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, бахусус рушди робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон