расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Горбачёв хоҳиши барҳам додани СССР-ро надошт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Горбачёв хоҳиши барҳам додани СССР-ро надошт

Марги Михаил Сергеевич Горбачёв дар ҷомеаи мо вокуниши аҷибе ба бор овард: аз шумори андӯҳмандони марги ӯ дида шумори онҳое бештар шуд, ки бо нафрату ғазаб ба ҷасадаш дарафтоданд... Агар соҳаи омори мо дурусту фаъол мебуд, ҳоло мо миқдори тахминӣ, вале ба ҳақиқат наздики ҷонибдорону мухолифони шахсияти ӯро медоштем... Аммо чунин омор надорем.

Сухани калидӣ ин аст, ки давраи ҳукуматдории Михаил Сергеевич Горбачёв замони пирӣ ва фарсудагии як абарқудрати ҷаҳонӣ бо унвони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Моҳиятан империя буд, чун аз императории рус бо ишғоли сарзаминҳои гирду атроф ва як навъ мухолифати консенсусмонанде дар тақсими кишварҳо бо империяи дигари ҷаҳонӣ – Британияи Кабир ибтидо мегирифт. Хуб, барҳам хӯрдани шоҳигарии рус вазъро комилан дигар кард: болшевикон баъди пирӯзӣ дар ватани худашон идеяи коммунизмро тавассути инқилоби ҷаҳонӣ ба миён гузоштанд, баъдан ин табаддулоту инқилобҳоро ба дигар сарзаминҳо бурданд, баъди 15-20 сол идеяи инқилоби ҷаҳонӣ сарфи назар шуд ва шуруъ шуд сохтмони сотсиализм дар қаламрави ягонаи муттаҳидшуда.
Акнун, баъди гузашти беш аз 30 сол ҳамон навъи давлатсозиро “таҷрибаи таърихӣ” гуфтан мумкин аст, таҷрибаи таърихие, ки беш аз 70 сол идома кард... Сарзаминҳои зиёде, ки ҳар яке дар гузашта ё нимамустақил буданд ва ё дар тобеияти ин ё он абарқудратҳои минтақа, ба як сохтор муттаҳид карда шуданд. Бо вуҷуди он ки дар санади асосии ин иттиҳод, яъне Конститутсия ихтиёран тарк кардани ин ё он мулк пешбинӣ шуда буд, аммо тӯли ҳафтод сол ягон қаламрав аз ин ҳуқуқ истифода накард, зеро амалану моҳиятан имконнопазир буд... Ҳамин тавр, дар харитаи олам як воҳиди маъмурию сиёсие бо номи ИҶШС (СССР) пайдо шуд, ки бо идеологияи тамоман нави рад шудани моликияти хусусӣ, ҷудо будани дин аз давлатдорӣ, ташаккули типи тамоман нави шахсият – “одами шӯравӣ” ва тарзи нави истеҳсол ва тақсими неъматҳои модӣ дар олам назир надошт...
Даврони шадиди шахспарастии Сталин, волюнтаризми хрушёвӣ ва осудаҳолии брежневӣ марҳалаҳои асосии ин абарқудрат буданд. Рақобати шадид бо олами Ғарб дар масъалаи силоҳсозӣ, яъне дар сатҳи лозим идома додани “ҷанги сард” пояҳои ин абарқудратро хеле заиф кард: иқтисодиёти шӯравӣ дигар имкони нигоҳ доштани мувозинатро дар масъалаи истеҳсоли аслиҳаи замонавӣ бо Ғарб ва баъдан таъмини зиндагии шоистаи мардумро аз нигоҳи иқтисодӣ надошт. Мақоли кадом халқе ҳаст: аз паси ду харгӯш давида, ягонтои онро ба даст овардан мумкин нест...
Ҳақиқатеро аз замони шӯравӣ ба тарзи латифа баён мекунанд, ки набояд дӯрӯғ бошад: Никита Хрушёв бори аввал мошини зарфшӯии сохти амрикоиро дида, бовар намекунад, ки ин кор ихтироъи одам бошад... Ё таърих маърӯзаи ӯро дар Анҷумани XXII-юми ҲКИШ дар соли 1961 ба ёд дорад: “Ин насл дар замони коммунизм зиндагӣ хоҳад кард...”.
Ҳамин тавр, Михаил Горбачёв дар вазъияте сари ҳукумат омад, ки бояд ду роҳро пеш мегирифт: ё рақобати шадидро бо олами Ғарб дар масъалаи ҷанги сард идома медод ва аз баҳри пешрафтҳои молии мардум мегузашт (давра ба давра беҳ кардани ҳоли мардум, ки бе ривоҷи технологияи пешрафта ва ресурсҳои нави рушд имкон надошт), ё ба таҷдиди сохтор бо назардошти мафкураи нав мепардохт. Ин сиёсатмадор роҳи дуюмро интихоб кард: ба реконструксияи сохтори шӯравӣ шуруъ намуда, шиори “сотсиализми демократӣ”-ро дар амал ҷорӣ кардан хост. Нияту ҳадафҳои ин мард, ба гумони банда, аслан шикасти сохтор набуд, балки “таъмиру тармим”-и он бо такя ба усулу принсипҳои демократӣ буд. Татбиқи идеяи “бозсозӣ”-и горбачёвӣ мебоист ба ҳалли ҳама мушкилоти он марҳала – ҳам ҷон гирифтани иқтисод ва ҳам ҳалли масоили иҷтимоию маънавӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ мусоидат мекард. Аммо дар ҷараёни ин инқилоби “нарм” масъалаҳое рӯ заданд, ки худи ӯ ҳам интизор надошт ва он масъалаи бунёдии таърих аст: масъалаи озодӣ ва худшиносии таърихию иҷтимоии халқҳо, ба як сухан – бедории мардум...
Вазъи таърихие пеш омад, ки онро файласуф Владимир Ленин дар рисолаи “Давлат ва инқилоб” зимни таҳлили ҷомеаи рус дар остонаи инқилоби болшевикӣ пешгӯйӣ карда буд ва маънои он сода карда гӯем чунин аст: ҳукумат наметавонад мисли пештара бо усули кӯҳна давлатро идора кунад ва мардум дигар намехоҳад мисли пешин ба ҳукумат тобеъ бошад... Яке наметавонад идора кунад ва дигаре намехоҳад итоат кунад. Аслан ин принсип аз мазмуни устураи Прометейи юнонӣ бармеояд, ки шояд яке аз маъхазҳои афкори Ленин ҳам бошад (ба плагиат гуфтан чандон забонам намегардад).
Хуб, он принсипи дар мифи Прометей таҷассумёфта чунин аст: Башарият ҳамеша ба ду гурӯҳ будааст: онҳое, ки идора мекунанд ва онҳое, ки идора мешаванд, яъне ҳукмфармоён ва иҷрокунандагон, табақаи боло ва табақаи поин. Онҳое, ки ҳукм меронанд, бояд тавре ҷомеаро идора кунанд ва ҳукмронӣ кунанд, ки қобили қабули мардум, яъне табақаи поин бошад ва онҳое, ки идора мешаванд, тавре рафтор кунанд, ахлоқу зист дошта бошанд, ки ба идоракунии одилонаву оқилонаи болоиҳо мусоидат карда бошад... Вайрон шудани ин мувозинат ҳама балову офат ва шӯришу табаддулоту инқилобҳоро ба вуҷуд меорад ва равиши муътадили зиндагӣ халалдор мегардад...
Ҳамин тавр, бармегардем ба Горбачёв. Чизе, ки ба раванди худогоҳиву худшиносии таърихиву иҷтимоии халқҳои собиқ СССР (мисли алангаи оташ, ки зуд сӯхтори азимеро ба вуҷуд меорад) муосидат кард, қулфи зангзадаи дарҳои оҳанини шӯравиро боз кардани Горбачёв буд... Сарҳад кушода шуд, деворҳо барканор шуданд, симхорҳои марз аз миён рафт. Мардум дунёи дигареро дид, ки тибқи шароит ҳар инсон бо ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ таъмин аст, дар шароити беҳтар мезияд, озодона аз маконе ба макони дигар ҳаракат мекунад, мувофиқи истеъдод, саъю талош ва гирудораш пул меёбад ва моликияти шахсиву хусусии ӯро давлат ҳифз мекунад... Боз даҳҳо навъи ҳаққу ҳуқуқ...
Мардум ба гузаштааш назар кард ва аз шаъну эътибори таърихии худашу ватанаш оҳи ҳасрат кашид ва ҳамин тавр шуруъ шуд раванди бузурги эҳёи сартосарии арзишҳо ва аслҳои маънавию ахлоқии гузашта... Дигар ин равандро на Горбачёв, на артиши саропо мусаллаҳи шӯравӣ ва на идеологияи ҳамзистии осоишта наметавонистанд боздоранд. Ба қавли худи Горбачёв “раванд оғоз шуда буд” (“процесс начался...”). Омили дигар – дар як маҳдуда зиндагӣ кардани халқҳое буд, ки аз нигоҳи менталитет, расму ойин, забон, таърих, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, завқу салиқаи ҳунарӣ, дину эътиқод ва ғайра тафовути ҷиддӣ доштанд. Ихтилофоти таърихие дар сатҳи миллият миёни халқҳо буд, ки системаи шӯравӣ онҳоро зӯран хомӯш нигаҳ медошт ва имкон намедод, ки ба пархошу даргириҳо мубаддал шаванд. Аммо дар ахири умр зӯри шӯравӣ ба инҳо ҳам нарасид: якбора пайдо шудани нуқтаҳои доғ дар Фарғонаи Ӯзбекистон (туркҳои месҳетӣ ва ӯзбекҳо), дар Қафқоз (арманиву озариҳо) ва кишварҳои соҳили Балтик, кӯшиши якҷо шудани молдавиҳо ба ватани таърихиашон – Румин ва ғайра гувоҳи ҳамин фикр ҳастанд...
Омили нажод ё ирқ ҳамеша дар таърихи муносиботи башарӣ барои иттиҳод бастан аҳаммият дошт ва дорад. Ин омилро сараввал славяниҳо дарк карданд ва аввалин кӯшиши ташкили иттиҳоди нав дар “Беловежская пуща” аз ҷониби ҳаминҳо сурат гирифт: раҳбарони вақти Русия ва Укроину Беларус ибтидо хостанд ҷомеаи наверо иборат аз кишварҳои нажоди исловӣ таъсис диҳанд ва бо ҳамин ибтикорашон дигаронро ҳушдор доданд, ки минбаъд фармони идора кардани иттиҳоди нав бояд дар дасти киҳо бошад... Аз ҷониби турктаборон ҳам пинҳон-пинҳон нақшаҳое роҷеъ ба эҳёи Тӯрони бузург буд, аммо ба манофеи геополитикии Русия дуруст наомад...
Акнун меоем ба хулоса. Ҳоло ба ёдам нест, ки сухани кист, аммо хеле эътибор дорад: таърихи башарият ҳамеша таърихи муборизаи халқҳо барои озодӣ будааст ва ҳеҷ унсури дигар ҷойи онро иваз карда наметавонад. Салоҳи иҷтимоию сиёсии мардумону кишварҳо дар замони муосир вобаста аз ҳамин омили сарнавиштсоз, яъне озодиву озодагӣ будааст.
Арзиши ин неъмати бузургро ҳар кас, чӣ файласуфу чӣ сиёсатмадор ва чӣ раҳбару чӣ тобеъ, ҳар гуна шарҳ додаанд, аммо ба назари банда, беҳтарин тафсири он ба қалами Франклин Рузвелт, президенти собиқи Амрико, тааллуқ дорад.
Инак, мухтасари шарҳи ӯ: “Дар оянда пешорӯйи мо дунёи наве боз мешавад, ки дар он чаҳор навъи озодии башар бояд бошад: аввалан, озодии сухан ва баёни андеша, дар ҳар маконе, ки инсон қарор гирифта бошад. Дувум, озодии эътиқод ва фарҳанги диндорӣ, дар ҳар гӯшаи олам. Савум, озодӣ аз эҳтиёҷот, яъне ҳамдигарфаҳмӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ, ки тавонад ҳар кишвар ва мардуми он кишварро бо обу ғизо таъмин бикунад. Чаҳорум, озодӣ аз тарс, яъне хеле маҳдуд кардани миқдори аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ, ба ҳамон андозае, ки ягон кишвар натавонад ба марзи кишвари дигар сар халонад...”.
Таърихи башар даҳҳо империяҳоро медонад, ки чун умри одамӣ замони ташаккул, даврони қудрат ва баъдан заволро пушти сар кардаанд. Дар харобаҳои империяҳои бузург даҳҳо давлатҳои нав ба вуҷуд омадаанд, фарзи мисол, баъди шикасти империяи Рим кулли кишварҳои Аврупо арзи ҳастӣ карданд. Ҳоло сари ин мавзуъ, ки Шӯравӣ империя буд ё набуд, баҳс зиёд аст. Онро ҳамчун давлати типи нав, аввалин давлати сохти сотсиалистӣ, инчунин як навъи империя ҳам мегӯянд. Хуб, сари ин истилоҳот сухан намегӯем, чун матлаб дароз мешавад, аммо як нуктаро гуфтан шарт аст: ҳар созмони сиёсие, ки бо забти қаламравҳои таърихан соҳибихтиёр ва зӯран ба он бор кардани фарҳангу расму ойинҳои ғайр, тарзи зисти дигар, ҷаҳонбинии дигар бунёд мешавад, моҳиятан империя аст. Империяҳо дер ё зуд барҳам мехӯранд, чун аз ибтидо бо зӯроварӣ шакл гирифтаанд. Барои исботи ин даъвӣ мисолҳо овардан шарт набудагист...

Таҳлили сиёсии публитсист ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.