расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Толибон бори дигар аз Душанбеву Тошканд хост, чархболҳоро баргардонанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон бори дигар аз Душанбеву Тошканд хост, чархболҳоро баргардонанд

Намояндагони Толибон бори дигар аз Тоҷикистону Узбекистон хостанд, чархболҳоеро баргардонанд, ки моҳи августи соли 2021 ба ин ду кишвар бурда шудаанд. Ба иттилои “TOLO news”, Муҳаммад Яъқуб Муҷоҳид, cарпарасти вазифаи вазири дифоъ дар ҳукумати Толибон рӯзи 29-уми август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз бурда шудани чархболҳои МИ-17 ба ду кишвар ёдовар шудааст. Ба гуфтаи Муҷоҳид, чархболу ҳавопаймоҳои бурдашуда "моли мардуми Афғонистон ҳастанд".
"Мегӯянд, амрикоиҳо иҷозат намедиҳанд, ки чархболҳоро ба Афғонистон баргардонанд. Мо дар ин бора бо амрикоиҳо сӯҳбат кардем ва ба онҳо гуфтем, ки чархболҳо ба мардуми Афғонистон тааллуқ доранд ва моли шахсии касе нестанд. Дар ниҳоят, ин амвол бояд ба Афғонистон баргардонида шавад”,-изҳор доштааст ӯ.
Низомиҳои афғонистонӣ бо ин чархболҳо моҳи августи соли 2021 замоне фирор карданд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" Кобулро ғасб карданд.
Моҳи январи соли ҷорӣ низ "Толибон" аз Тоҷикистону Узбекистон хоста буданд, чархболҳоро баргардонанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, чархболҳоро ба мақомоти Амрико бармегардонанд. Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи ИМА зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд".
Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд. Ман намедонам, ки ин кор кай сурат мегирад, вале мо дар ин самт кор мекунем", гуфт генерали амрикоӣ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.