расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Армуғони наву мушкили кӯҳнаи маорифи Суғд дар Рӯзи дониш

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Армуғони наву мушкили кӯҳнаи маорифи Суғд дар Рӯзи дониш

ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Идораи маорифи Суғд дар бораи баҳрабардории чанд бинои иловагии назди макотиб ва синфхонаҳои таълимӣ, ки сохтмони онҳо ба анҷом расидааст хабар дода афзуд, ки ин армуғон барои аҳли маорифи вилоят аст.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар соли нави хониш даҳ иншооти тозабунёди соҳаи маориф аз ҷумла ҳафт бинои иловагии таълимии назди макотиб бо 33 синфхонаи ҷадид дар шаҳру навоҳии Суғд мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бино ба гуфти манбаъ, биноҳои иловагии таълим ва синфхонаҳои нав, аз ҳисоби маблағгузории ҳукумат ва саҳми соҳибкорону кумитаи падару модаран бунёд гардида дар умум онҳо 1010 хонандаро фаро мегиранд.

“Аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 бинои иловагии таълим ва 4 синфхона барои 120 хонанда, дар шаҳри Исфара 2 бинои иловагӣ бо 7 синфхона барои 170 хонанда, дар шаҳри Истаравшан 1 бинои иловагӣ бо 8 синфхона барои 240 хонанда, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 бино бо 6 синфхона барои 180 толибилм ва дар ноҳияи Шаҳристон 2 бинои иловагии таълим бо 8 синфхона барои 100 толибилм дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад” – изофа намуд, Раҳматов.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони Мактаби муосири русӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар соли нави хониш дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад. Ин мактаб, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудааст, имкони фарогирии 1200 хонандаро дорад.
Ба ин тартиб ҷамъи шумори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вилояти Суғд ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 ба 945 адад баробар шудааст, ки ин шумор дар муқоиса ба соли хониши қаблӣ 8 адад зиёд гуфта мешавад.
Дар ин шумор макотиб дар умум наздики 6000 хонандаи синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки дар муқоиса ба як соли қабл шумори хонандагон наздики 15 ҳазор зиёд будааст. Дар ин давра шумори омӯзгорон ба 40 ҳазор нафар мерасад.

Мактабҳои садамавӣ яке аз мушкили кӯҳнаи маориф дар Суғд

Мактабҳои садамавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят аз мушкили кӯҳнаи соҳаи маориф дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.
Масъулони Идораи маорифи Суғд зимни суҳбат шумори муассисаҳои таълимии садамавиро шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, ки баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар зарфи чанд соли охир, ҳоло шумори макотиби валангоргашта аз 46 ба 16 адад кам шудааст.
Чанде қабл роҳбарони Идораи маорифи Суғд омори муассисаҳои таълимии садамавиро шарҳ доданд, ки дар шаш шаҳру навоҳии вилоят боқӣ мондаанд.
“Корҳои сохтмонӣ дар МТМУ № 10 дар ноҳияи Айнӣ, МТМУ № 30 ва 41 и ноҳияи Деваштич, МТМУ № 18, 48, 50 и шаҳри Истаравшан, МТМУ № 9, 52 и шаҳри Исфара, МТМУ № 9, 12, 17, 18 и шаҳри Конибодом, МТМУ № 23, 45 и шаҳри Панҷакент ва МТМУ № 8 ва 12 и ҳанӯз оғоз нагардидаанд ва садамавӣ ба ҳисоб мераванд” - гуфтанд, дар Идораи маориф.
Бино ба арзёбии масъулини Идораи маориф таъмиру азнавсозии чунин макотиб ба нақша гирифта шудааст ва то чаҳор соли баъд ба иҷро расонида хоҳад шуд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.