расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чӣ гуна гимнастдухтари тоҷик дар хориҷа муваффақ шуд.(Навор)

Асосӣ / Ҷомеа

Чӣ гуна гимнастдухтари тоҷик дар хориҷа муваффақ шуд.(Навор)

Аз 10 то 14 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии сиркӣ таҳти унвони “Садои Осиё” баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари бадеии Сирки давлатии Тоҷикистон Мастона Собирзода иштирок ва ҳунарнамоӣ кард.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар Фестивал ҳунармандони сирки зиёда аз 20 нафар намояндагон аз 12 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Франсия, Россия, Венгрия, Монголия, Ветнам, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ширкат варзиданд.
Миёни ин кишварҳо ҳунарманди тоҷик Мастона Собирзода бо ҳунару маҳорати баланди эҷодӣ, дар намуди авлон баромад намуда, сазовори ҷои сеюм ва Дипломи Фестивал-озмун гардид, ки ин муваффақияти аввали ҳунарманд мебошад.
Мастона дар Сирки давлатӣ кору фаъолият дошта, шогирдони зиёдеро дар ин ҷода тарбият менамояд. Орзу дорад, то дар дигар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардад.
Инчунин ӯ таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Нур-Султон ва директори Сирки Беларусро соҳиб шуд.
Мо бо Мастона Собирзода cуҳбат ороста, талош варзидем, ки аз сирри муваффақиятҳояш воқиф гардем.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.