расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд


Шавкат Мирзиёев, ки бо даъвати ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ 
Салмонибни АбдулазизОлиСауд аз 17 то 19 августба ин кишвар сафар кард, ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафта, аркони ҳаҷи умраро иҷро намуд.
Ӯ, қабл аз ҳама, ба масҷиди набавӣ, ки дувумин макони муқаддас барои мусалмонон дониста шуда, дар шаҳри Мадина қарор дорад, рафта намоз хонд ва қабри ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд.
Пас аз мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ӯ ба шаҳри Ҷидда ташриф оварда, бо як қатор роҳбарони созмонҳо ва бонкҳои исломӣ мулоқот кард.
Ӯ, ҳамчунин, зимни ин сафар ба подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мукофоти давлатии “Дараҷаи олии Имом Бухорӣ”-ро тақдим намуд.
Дар охирин рӯзи сафари худ, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Макка рафт. Ӯ дар ин шаҳр, аркони ҳаҷи умраро ба ҷо оварда, дар Масҷидулҳаром ва дохили Каъба намоз гузошт.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин сафари Шавкат Мирзиёев пас аз президент интихоб шудани ӯ ба Арабистони Саудӣ мебошад. Роҳбари қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд барои рӯҳониён дар кишвараш шинохта мешавад, низ 30 сол қабл ба зиёрати хонаи Худо рафта буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.