расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе


Фаридун Хайруллозода, рӯзноманигори ҷавон, ровӣ ва роҳбари радиои “Авторадио” дар Тоҷикистон шоми дирӯз, 11 август дар синни 27-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
Дар ин бора наздикону дӯстони ӯ хабар дода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пайвандонаш изҳори тасаллият мекунанд.
Сабаби марги Фаридун Хайруллозода ҳоло номаълум аст.
Тавре ки дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ бардаму солим ва аз чанде пеш дар барномаи “Авторадио” ровигӣ мекард.
“Ҳеҷ гуна аломатҳои беморӣ надошт, хеле бардаму чаққон ва хушҳолона барномаҳо таҳия мекард”, - менависанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону ҳамкоронаш.
Фаридун Хайруллозода 22 апрели соли 1994 таваллуд шудааст.
Риштаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро хатм намуда. Дар Қазоқистону Русия ҳам таҳсили илм кардааст. Соли 2019 таҳсилро ба охир расонид. Аз соли 2006 дар барномаҳои субҳгоҳонаи ТВ ”Баҳористон” ровигӣ мекард.
Соли 2009 ба телевизиони “Сафина” гузашта, муаллифи барномаҳои субгоҳӣ буд. Соли 2014 ба Маскав рафта, охири ҳамон сол ба ватан баргашт. Баъди чанде муаллиф ва ровии якчанд лоиҳаҳои радиоӣ дар “Радиои Ватан”, сипас муаллиф ва ровии барномаи “Басти сеюм” буд.
Соли 2018 директори радиои “Ҳамсадо” шуда, сипас директори генералии “Авторадио Тоҷикистон” шуд.
Соли 2017 Фаридун барои фаъолияти пусамар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шарафёб гардид. Аз навиштаҳои ӯ дар маълум мешавад, ки ояна нақшаҳои зиёд доштааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • casinosite | Гости

    I have been looking for articles on these topics for a long time.   I don't know how grateful you are for posting on this topic. Thank you for the numerous articles on this site, I will subscribe to those links in my bookmarks and visit them often. Have a nice day
    casinosite

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.