расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ ДУ ЗАНИ ФАЪОЛ ВА ОБРӮМАНДИ ХУҶАНД ДАР ЯК РӮЗ

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ДУ ЗАНИ ФАЪОЛ ВА ОБРӮМАНДИ ХУҶАНД ДАР ЯК РӮЗ

Рӯзи 6 сентябр аз Хуҷанд дар бораи даргузашти ду зани фаъолу баобрӯи ин шаҳр хабар расид.
Шамсинисо Саидова, Аълочии маорифи Тоҷикистон, солиёни зиёд ба ҳайси омӯзгор ва мудири мактаб фаъолият карда, ҳазорон шогирдро парвариш додаанд. Мирзодалерхон Хуршедзода Шамсинисо Саидоваро "яке аз наҷибтарин шахсиятҳои вилояти Суғд, ифтихори миллат ва як зани барои ҳама муҳтарам” ном бурдааст.
Ёрматова Назокат Абдукаримовна низ аз шахсиятҳои барҷастаи соҳаи маорифи Хуҷанд ба шумор мерафт ва солҳои зиёд ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хуҷанд, мудири гимназияи №24 ва мактаби №15 кор кардааст. "Ҳаёти худро барои таълиму тарбияи халқи тоҷик фидо кардед. Муаллим будан, илму тарбия ёд додан ин касби пайғамбарон аст. Парвардигор ҳаммаи заҳмату хизматҳоятонро мӯниси қабратон гардонад”, - навиштааст яке аз наздикони муаллима дар Фейсбук.
Mirzodalerkhan Khurshedzoda
Сегодня из Жизни Ушла одна из великих,замечательных людей нашей области, гордость нации - Саидова Шамсинисо.
Всеми уважаемая Женщина, Любимая Мать и Бабушка, воспитавшая более 1000 людей!
Чоятон чаннат шавад. Омин   
 

Адиба Кодирова
Сегодня из Жизни Ушла одна из великих,замечательных людей нашей области муаллима Ерматова Назокат Абдукаримовна.Холачон чоятон чаннату хонаи охиратон обод бошад
Инна лиллахи ва Инна илайхи рочиъун худо Рахмат кунад ва шоистаи чаннат-ул Фирдавс хамнишини паёмбарамон гардонад омин   ...Холачони Азизам яке аз одамони баобруйи Хучанд, пешкадами сохаи маориф, собик муовини Раис шахр, директори Гимназияи 24 ва директори мактаби 15, Назокат Ёрматова Абдукаримовна бандаги намуданд.Шумо барои аҳли оилаи мо ҳамчун модар, роҳбар, устоду насиҳатгӯй будед. Дар тӯли ҳаёти худ, барои пешравии халқу миллати тоҷик, барои ҳаққу ҳуқуқи занҳо талошу заҳматҳои зиёд кашидед. Ҳаёти худро барои таълиму тарбияи халқи тоҷик фидо кардед. Муаллим будан, илму тарбия ёд додан ин касби пайғамбарон аст. Парвардигор ҳаммаи заҳмату хизматҳоятонро мӯниси қабратон гардонад. Ҷоякатон Ҷаннатул Фирдавс гардад. Барои ҳамма илму тарбияву насиҳатҳоятон рози шавед. Мо аз шумо яку ба ҳазор рози ва дуогӯи шумо ҳастем. Аллоҳи меҳрубон аз шумо рози гардад. Алвидоъ устоди меҳрубон.
Холачони Азиз рухатон шод ва хонаи охирататон обод бошад. Омин   


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.