расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рӯҳонӣ аз ҷазои тоҷироне гуфт, ки рӯзаро ба мавсими пулкоркунӣ табдил додаанд

Ҷомеа / Иқтисодиёт / Ҳаводис

Рӯҳонӣ аз ҷазои тоҷироне гуфт, ки рӯзаро ба мавсими пулкоркунӣ табдил додаанд

Моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва пок доштани нияту аъмол ҳам ҳаст, мегӯяд Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва ҳачунин сархатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳри Бохтар.

“Набояд фаромӯш намуд, бадтарин ҷурм ин ранҷонидан ва ноумед сохтани қалби як инсон аст. Ин нуқта ба онҳое рабт дорад, ки ба хидматрасонии мардум масъулият доранд”, - афзуд рӯҳонӣ дар суҳбат бо сомонаи ҶОМ.

Ӯ боло бурдани нарҳо дар бозорҳоро барои фоидаи бештар бадтарин амал хондааст.

Номбурда аз гуфтаҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) мисол меорад, ки мегӯяд: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби гарон шудани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо, Рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.

“Аз ин лиҳоз тоҷирону соҳибкорон, савдогарони бозорҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хӯрокӣ машғуланд, набояд нархи наворо ба таври сунъӣ боло баранд. Агар онҳо метавонанд, баръакс паст намоянд, то дастраси харидорон гардида ва худашон ҳам зарар набинанд.”, - таъкид кардааст Усмоналӣ Нурзода.

Ёдовар мешавем, қаблан низ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар гуфта буд, баъзе бозорнишонон дар ҳоле нархҳоро боло мебаранд, ки мо камбуди рӯған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост.

Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, ба гуфтаи Абдуқодирзода, аз маблағе, ки ба даст меоранд, ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.