расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » САР, ДАСТ ВА ПОЙҲОЯШРО БУРИДА, ДАР ХАЛТА ҶО КАРДААСТ... ҲАБСИ УМРБОДИ АНВАР САЪДУЛЛОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ҲАМВАТАНАШ ДАР РУСИЯ

Ҷомеа / Муҳоҷир / Ҳаводис

САР, ДАСТ ВА ПОЙҲОЯШРО БУРИДА, ДАР ХАЛТА ҶО КАРДААСТ... ҲАБСИ УМРБОДИ АНВАР САЪДУЛЛОЕВ БАРОИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ЯК ҲАМВАТАНАШ ДАР РУСИЯ

Додгоҳи вилояти Хатлон Саъдуллоев Анвар Ҳабибуллоевичро бо ҷурми куштори ваҳшиёнаи як ҳамватанаш дар Екатеринбурги Русия ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Анвар Саъдуллоев моҳи апрели соли 2017 Идибек Саъдуллоевро бо роҳи буғӣ кардан куштааст ва сипас бо мақсади рӯпӯш кардани изи ҷинояташ бо як асбоби тез аъзоҳои бадани ҷасади Садулоев И. Ф., яъне cap, дастҳо ва пойҳояшро бурида, аз ҷасад ҷудо карда, дар борхалтаҳои полиэтиленӣ ҷой кардааст. Як рӯз баъди ин куштори ваҳшиёна - 14 апрели соли 2017 - Анвар Саъдуллоев аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе баргашта, дигар ба Русия нарафтааст.
Қонуни асосии Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандони ин кишварро ба давлатҳои хориҷӣ манъ кардааст. Ба ин далел, парвандаи Анвар Саъдуллоев аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон баррасӣ ва дар ниҳоят ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Саъдулоев Анвар Ҳабибулоевич қаблан солҳои пешин бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷинояти одамкушӣ содир кардааст.
Саъдулоев А.Ҳ., санаҳои 12-13 апрели соли 2017 ҳамроҳ бо Садулоев Идибек Фатҳулоевич дар минтақаи ба тафтишот номуайяни ҳудуди ноҳияи Железнодорожний, шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия қарор дошта, бинобар нисбати Садулоев И.Ф. хусумати шахсӣ доштан, мақсад гузоштааст, ки ӯро ба марг расонад. Бо ҳамин мақсад тахминан соатҳои 15:50 дақиқаи 13 апрел бо роҳи буғӣ кардани Садуллоев И.Ф. роҳҳои нафасашро маҳкам карда, охиронро ба марг мерасонад.
Баъдан дар давраи аз 12.04.2017 то соати 15:50 дақиқаи 13.04.2017 сол СаъдулоевА.Ҳ. бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ва ошкор нашудани кирдораш дар содир кардани ҷинояти махсусан вазнин бо асбоби тез кардашудаи ба тафтишот номаълум мусаллаҳ шуда, аъзоҳои бадани ҷасади Садулоев И. Ф., яъне cap, дастҳо ва пойҳояшро бурида, аз ҷасад ҷудо карда, дар борхалтаҳои полиэтиленӣ ҷой кардааст.
Баъдан ӯ тариқи ҳавопаймо 14 апрели соли 2017 аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе баргашта, минбаъд ба Федератсияи Россия нарафтааст.
Аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Саъдулоев А.Ҳ. бо моддаи 104 қисми 2 банди «п» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилоят ирсол гардидааст.
Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 июли соли 2020 Саъдулоев А.Ҳ.гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум намудан маҳкум карда шуд.
Маркази матбуотиПрокуратураи генералӣ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.