расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Макони озод аз вируси корона: деҳаи Шинг – як марзи мустаҳкам аз COVID-19 дар Тоҷикистон

. / Ҷомеа

Макони озод аз вируси корона: деҳаи Шинг – як марзи мустаҳкам аз COVID-19 дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон ҷамоате ёфт шуд, ки аҳолии 12 ҳазор нафараи он берун аз марзи бемории каронавирус зиндагӣ мекунанд
 Ҷамоати деҳоти Шинг дар шаҳри Панҷакент дар фосилаи чиҳил километрӣ аз маркази шаҳр, дар доманаи баландкӯҳҳо ҷойгир буда, хушбахтона хуруҷи пандемияи COVID-19 ҳоло то ба марзи ин ҷо нарасидаву ҳеҷ касе аз аҳолии ин маҳалли Тоҷикистонро сироят накардааст.

Насиб Бобоев, мудири шуъбаи кӯмаки аввалияи тиббию-санитарии (КАТС) шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба оморе, ки онҳо дар даст доранд, шурӯъ аз моҳи апрел аз замони сабти хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар то имрӯз дар ин ҷамоат ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси карона ба қайд гирифта нашудааст.

“Хушбахтона ҷамоати деҳоти Шинг дар миёни дигар ҷамоатҳои шаҳри Панҷакент аз лиҳози сироятёбӣ тоза аст. Дар ин ҷо гирифторӣ на ба бемории COVID-19 ва на ба илтиҳоби шадиди шуш ба қайд гирифта нашудааст”, - афзуд Бобоев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.

Ҷамоати деҳоти Шинг яке аз 14 ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент ба ҳисоб меравад, ки дар бештар аз 1900 хоҷагӣ, наздики 12 ҳазор аҳолӣ дар 15 деҳа иқомат мекунад. Бобоев таъкид меварзад, ки эҳтимол нақши мавқеъи ҷуғрофӣ, ҳавои тозаи баландкӯҳҳо ва ҳам пайваста гузаронидани корҳои тарғиботӣ аз хатари пешгирии бемории вируси корона дар байнӣ аҳолӣ аз омилҳои эмин мондани ин ҷамоат аз хуруҷи бемории COVID-19 бошад.

Масъулони зоишгоҳи ҷамоати Шинг мегуянд, сар аз оғози сол то ба имрӯз таваллуди бештар аз 50 кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки вазъи саломатии ҳамаи навзодон ва модарони онҳо хуб аст ва ин ҳам метавонад далели сабт нашудани беморӣ дар ҷамоатро собит намояд.
Насим Бобоев дар бораи оморӣ гирифтории сокинон дар шаҳри Панҷакент ба бемории COVID-19 ро дақиқан шарҳ надод, вале гуфт, ки назар ба моҳи июл ҳоло шумори сабти беморӣ то ду боаробар ва ба 6-8 марид коҳиш ёфтааст.

 “Ҳоло вазъ муътадил аст”, -  гуфт Бобоев.

Аммо гуфта мешавад, бо вуҷуди сабт нашудани беморӣ, шуюъи пандемияи коронавирус дар ҷаҳон аз ҷумла дар кишвар ба ин ҷамоат низ таъсири манфии иқтисодӣ расонидааст.

Ҳамасола бештар аз 5 ҳазор сайёҳон ба ҷамоати Шинг сафар карда аз кӯҳу дара ва табиати хушманзари он дидан мекарданд, вале имсол бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19 гузаргоҳҳои сарҳадӣ баста шуду равуои сайёҳон ҳам қатъ гардид. Ба ҳисоби чорвордорӣ, ҳурнармандӣ яке дигар аз василаи зиндагии мардуми Шинҷ ба ҳисоб мераванд.

Хонаводаҳо дар ин ҷамоат ба маҳзи тоқиву сӯзанидӯзӣ ва армуғонҳои дигар, ки ҳамагӣ дастранҷи худашон аст зиндагӣ ба сар мебаранд. Аммо аз сабаби баста будани марз ва набудани қобили мулоҳизаи сайёҳони хориҷӣ, имсол ҳунармандони тоҷик натавонистанд ин ҳама молҳои истеҳсолкардаи худро ба фурӯш гузоранд ва ба ин васила рӯзии дуруст дарёбанд.

Сокинони Шинг мегуянд, вазъи баамаломада дар ҷаҳонро дарк мекунанд ва шукри саломатии худ намуда, умедворанд, ки аз ин вазъ рӯзе кишвар ва ҷаҳон раҳо мешавад ва зиндагӣ дубора ба маҷрои пештари худ бармегардад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.