расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Раиси Исфара меҳмони хонаҳои харобшуда дар марз бо Қирғизистон шуду кумак ваъда дод

. / Ҷомеа

Раиси Исфара меҳмони хонаҳои харобшуда дар марз бо Қирғизистон шуду кумак ваъда дод

Шаҳрдори Исфара, аз хонаҳои сокинони ҷабрдидаи муноқишаи марзӣ дар ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳ боздид карда, ба онҳо кумак ваъда кардааст

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Исфара зимни боздид аз хонаҳои харобгашта дар муноқишаи ахири марзӣ бо Қирғизистон бо сокинони наздимарзӣ мулоқот кардааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки зимни сафар Баҳодурзода ба бартараф намудани хисороти ин воқеот таъкид намуд.

«Раис аз оқибати муноқишаҳои марзӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии онҳо гуфта, аз мақомоти марбута хост, дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ кумакҳои худро дареғ надоранд», — хабар дод Шомадов.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки сокинони наздимарзии ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳ 27 январ шоҳиди муноқишаи мусаллаҳона бо Қирғизистон буданд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар пайи муноқишаи ахир дар ҷамоатҳои Сурх ва Чоркӯҳ 52 бинои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон, аз ҷумла 4 бино — ошхона, нонвойхона, мағоза ва маркази саломатӣ низ хароб шудаанд.

Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара хисороти расида аз ин даргириро 1,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 27 январ рух дода, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар — 6 низомӣ ва 4 мулкӣ дар ин танишҳо маҷруҳ ва ду шаҳрванди мулкии дигар кушта шуданд. Аз сокинони маҳаллии кушташуда — Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва Абдулатиф Шарифови 62 -сола, ронандаи мошини ёрии таъҷилии Исфара ном бурда шудааст, ки бар асари таркиши хумпора ба шаҳодат расиданд.

Ҷониби Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар даргирии охир 11 низомӣ маҷруҳ шуда, осебдидаҳо дар миёни шаҳрвандони мулкӣ ба сабт нарасидаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст. Феълан ҷонибҳо барои ҷоннок кардани кор барои муайяну аломатгузории марз созиш кардаанд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.