расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ВКД Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд

. / Сиёсат

ВКД Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд

Қирғизистон барои таъмини амнияти мардум дар деҳаҳои наздимарзӣ посбонҳо гузоштааст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

ВКД афзуда, ки вазъият дар вилояти Бодканд мӯътадил буда, пулис дар реҷаи пурзӯр корашро идома медиҳад.

Ба гуфтаи Вазорати умури дохила, бар асари муноқишаи марзӣ дар вилояти Бодканд бархе аз шаҳрвандон ба хотири ноором кардани вазъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд.

Ин ниҳод ҳушдор медиҳад, ки қасдан паҳн кардани хабари бардурӯғ бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз ду моҳ то як сол ё ба муҳлати аз 40 то 100 соат корҳои ҷамъиятӣ ва ё ба андозаи то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

«Шаҳрвандони муҳтарам, аз паҳн кардани иттилооти бардурӯғ худдорӣ намоед ва ба иғво дода нашавед», — омадааст дар хабарнома.

ВКД даъват кардааст, ки дар бораи далелҳои паҳн кардани маълумоти беэътимоди иғвогарона ба пулис хабар диҳанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ВКД дар деҳоти Арка-1, Арка-2, Дӯстук, Ҷаштиқ, Мақсад, Сада, Кулунду, Лайлак ва ноҳияи Лайлак ба хотири таъмини амнияти ҷамъиятӣ патрулҳои муштарак ташкил кардааст.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.

Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 81 километр марзи дигарро мушаххас карданд
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

срчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.