расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Фавти олими ҷавон Фарҳод Раззоқов дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Панҷакент - Айнӣ"

. / Ҷомеа

Фавти олими ҷавон Фарҳод Раззоқов дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Панҷакент - Айнӣ"

Сонеҳаи нақлиётие дар ноҳияи Айнӣ ҷони як бостоншиноси ҷавон, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро рабудааст

Дар роҳи Панҷакент — Айнӣ пас аз зуҳри 30-юми январ садамаи маргбори нақлиётӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс», Раззоқов Фарҳод Абдурауфовичи 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Раззоқов Фарҳод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофири автомашина Насруллоев Меҳриддин Тошмуродович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, афзудааст манбаъ.

Бино ба навиштаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов, Фарҳод Раззоқов, номзади илмҳои таърих бостоншинос ва фарзанди бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов мебошад, ки дар давлатҳои Олмон ва Русия таҷрибаи кориашро сайқал додааст.

Ӯ мудири кафедраи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи славянӣ ва унвони илмиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намуда буд.

Гуфта мешавад, саҳми Фарҳод Раззоқов дар ковишҳои бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас аст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.