расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАРГИ ФОҶИАВИИ 4 СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ҲАНГОМИ КАНДАНИ АНГИШТ

Ҷомеа / Ҳаводис

МАРГИ ФОҶИАВИИ 4 СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ ҲАНГОМИ КАНДАНИ АНГИШТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 январи соли 2022, чор сокини деҳаи Ғезани поёни ҷамоати деҳоти Моғиён дар канори шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳангоми кандани ангишт аз кони воқеъ дар наздикии мавзеи Ишакон ба иллати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз дуди ангишт заҳролуд шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Ду нафар аз ин сокинони ҳалокшуда бародарон будаанд.
Вақте ки шоми 2 январ онҳо аз ангиштканӣ барнагаштанд, хешу табор ба ташвиш афтода, дар пайи ҷустуҷи онҳо шудаанд. Сокинони соати 20:30 ба кони Ишакон омада, респиратор пӯшида, вориди он шудаанд ва мутаассифона, ҷасадҳои алакай ҷондодаи ин 4 нафарро пайдо кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, барои муайян кардани тамоми ҷузъиёти ин ҳодисаи нохуш дар ҷои ҳодиса як гуруҳи фаврию тафтишотӣ кор карда истодааст.
Ҳалокати чор сокини Панҷакент ҳангоми кандани ангишт дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо вуҷуди зимистони сард нирӯи барқ ба аҳолӣ бо маҳдудият дода мешавад ва ин сокинонро маҷбур мекунад, ки барои гарм кардани хонаҳои худ роҳҳои алтернативиро биҷӯянд. Дар айни замон, нархи як кило ангишт дар бозорҳо то ба ду сомонӣ расидааст, ки зӯри ҳар кас ба хариданаш намерасад.
Дар пайи ҳодисаи нохуши Панҷакент, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон бо исрор хостааст, ки худсарона ба кандани ангишт даст назанандЭ чунки танҳо ангиштканҳои касбӣ бо риояи тамоми меъёрҳои бехатарӣ ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус метавонанд ин корро анҷом бидиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.