расонаи иттилии - Ориён » СУХАНГӮИ ТОЛИБОН: ИМСОЛ АЗ ТОҶИКИСТОН 1,5 МИЛЛИАРД КИЛОВАТТ-СОАТ БАРҚ МЕГИРЕМ

---

СУХАНГӮИ ТОЛИБОН: ИМСОЛ АЗ ТОҶИКИСТОН 1,5 МИЛЛИАРД КИЛОВАТТ-СОАТ БАРҚ МЕГИРЕМ

Муовини сухангӯи ҳаракати тундрави Толибон Инъомуллоҳ Самангонӣ рӯзи 2 январ хабар дод, ки “Аморати исломии Афғонистон” соли 2022 аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 3,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ хоҳад гирифт. Қарордодҳои марбутаро ширкати нирӯи барқи Афғонистон “Da Afghanistan Breshna Sherkat” (DABS) рӯзи 26 декабр дар Тошканд бо ширкатҳои барқи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба имзо расондааст.
 “Бар асоси қарордодҳои ҷадид, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,6 миллиард киловатт-соат ва Ӯзбекистон 2 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ хоҳанд дод. Ширкати “Брешно” дар иваз ба Ӯзбекистон 100 миллион доллар ва ба Тоҷикистон 69 миллион доллар пул пардохт хоҳад кард “, – нақли қавл кардааст аз Самангонӣ хабаргузории русии «Интерфакс- Агентство Военных Новостей».
Хабари ба Афғонистони зери назорати Толибон фурӯхтани нирӯи барқ дар Тоҷикистон ба мавҷи вокунишҳо рӯбарӯ шуд. Як мояи интиқодҳо аз ин қарордоди байни ширкати “Барқи Тоҷик” ва “Брешно” камбуди барқ дар худи Тоҷикистон дар ин фасли сармо буд ва мояи дигараш – пуштибонии мардум аз тоҷикони Афғонистон, ки таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷанганд.
Ширкати “Барқи Тоҷик” имзо қарордоди иловагӣ бо ширкати “Брешно”-ро тасдиқ кард, вале таъкид кард, ки он “фақат ҷанбаи иқтисодӣ дорад”.
“Барқи Тоҷик” гуфт, қарордоди содироти барқ бо “Брешно” аз соли 2008 амал менамояд. Он ба муддати 20 сол баста шуда, то соли 2028 идома дорад. Қарордоде, ки рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ба имзо расид, ин қарордодаи иловагӣ буда, ҳама сола барои муайян намудани ҳаҷми барқи интиқолшаванда, барои соли оянда амалӣ мегардид”, – таъкид шудааст дар иттилоияи “Барқи Тоҷик” .
Ин ширкат мегӯяд, мувофиқи ин қарордоди иловагӣ соли 2022 ширкати “Барқи Тоҷик” ба ширкати “Брешно” дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 МВТ барқ интиқол хоҳад дод. “Гап сари он, ки кишвари мо дар ин давра барқи фаровон дорад ва харидори асосии он ширкати “Брешно” ба шумор меравад. Маблағе, ки аз содироти барқ зимни ин қарордод ҳар сол ба даст меояд, барои рушди системаи энергетикӣ хеле зарур аст”, – гуфт “Барқи Тоҷик”.
Аммо миқдори барқе, ки дар фасли тирамоҳу зимистон ба ширкати «Брешно» интиқол меёбад, ба иддаои “Барқи Тоҷик”, ҳамагӣ 25-30 МВТ-ро ташкил дода, “аслан барои ҳифзи таҷҳизоти энергетикист. Ин миқдор барқ ба тавозуни умумии таъминоти барқи кишвар таъсире надорад.
Ширкат ёдрас шудааст, ки “як шарти муҳими ин қарордоди иловагӣ дар муҳлатҳои баррасигардида пардохт намудани қарзҳои ширкати «Брешно» буда, аллакай амалӣ гашта истодаанд.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.