расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК МАМАДҶОН РАҲИМОВ ВА ДУ УСТОДИ ДОНИШГОҲИ БОХТАР

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК МАМАДҶОН РАҲИМОВ ВА ДУ УСТОДИ ДОНИШГОҲИ БОХТАР

Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ хабар дод, ки яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи авиатсияи Тоҷикистон, устоди кафедраи "Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан”, полковник Раҳимов Мамадҷон Сангович тарки ин дунё кард.
Ҳамчунин "Фурӯғ” – нашрияи Донишгоҳи шаҳри Бохтар аз марги якбора ду устоди ин мактаби олӣ хабар дод. С.Абдуллоева дар Донишгоҳи Бохтар аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медод ва Беҳрӯз Қурбонов – аз фанни забони англисӣ.
Дар бораи иллати марги ин се устоди донишгоҳҳои Тоҷикистон дар иттилоияҳои расмии ин ду муассиса чизе гуфта нашудааст.
Tajik Technical University named after M.S. Osimi
Раёсати донишгоҳ бо андӯҳи бепоён иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 3 сентябри соли ҷорӣ собиқадори меҳнат, Ходими хизматнишондодаи авиатсия граждании ҶТ, устоди ғамхору мураббии садҳо мутахассисони риштаи авиатсияи гражданӣ, дотсенти кафедраи "Истифодабарии техникии нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан”, полковник Раҳимов Мамадҷон Сангович ин оламро падруд гуфт.
Фаъолияти бисёрзинаи ҳаётии Мамадҷон Сангович аз даврони донишҷӯӣ ва таҳсил дар Донишгоҳи байрақи сурхдори авиатсияи граждании шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия оғоз гардидаст. Устод дар рушду равнақи авитасияии граждании Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмати беандоза кардаст. Ходими хизматнишондодаи авиатсия граждании ҶТ буда, ҳамчун мушовири Клуби миллии ҷумҳуриявии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ низ фаъолият кардааст.
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз меҳнат ва фаъолияти Мамадҷон Сангович дар донишгоҳ миннатпазир аст ва таҷрибаи илмию педагогӣ, ҳаётию инсонпарастиаташ боиси ифтихормандиву омӯзиш мебошад.
Шахсиятҳое чун Мамадҷон Сангович обрӯю манзалати донишгоҳи азизро дар ҳама мартабаҳо боло мебаранд ва шогирдони омоданамудаи онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистони азиз фаъолияти хуб доранд ва номбардори устодону донишгоҳ мебошанд. Дар арсаи байналмилалӣ, дар конференсияву нишастҳои олимон ҳамчун донишманди соҳа баромад ва маърӯза намудани Мамадҷон Сангович шоҳиди соҳибмартаба буданаш ва даргоҳи олимони барҷаста будани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст.
Донишҷӯён имрӯз аз маҳорати нимасраи Мамадҷон Сангович таҷрибаи зиндагию касбӣ омӯхта, мақолаҳои илмӣ, корҳои методӣ, китобу дастурҳо, ихтирооту навовариҳояшон барои пешбурди соҳа аз ҷониби хонандагони бешумор ба сифати роҳнамо истифода мешаванд, дар таҷрибаи касбии худ – соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ маҳорати касбии назди Мамадҷон Сангович омӯхтаро васеъ истифода мебаранд.
Ёдат ба хайр, Устоди гиромиқадр!    

Комрони Бахтиёр Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

АЗ ДИДА БА ДИЛҲО РАФТ

Дареғогӯй аз онем, ки марги бемаҳал ҳафтае қабл, аз байни мо омӯзгори маҳбуб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент С. Абдуллоеваро рабурд.
Ӯро ҳама ҳамчун омӯзгори ғамхору меҳрубон мешинонохтанду эҳтиромаш менамуданд.
Муаллима хатмкардаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буданд ва баъдан ба ҳайси омӯзгори кафедраи адабиёти рус ва хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллимаи забони русии мактаби миёнаи №8 ноҳияи Фархор ва дар ДДБ ба номи Носири Хусрав дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст. Аз ҷумла, дар кафедраи КАЗР, методисти шуъбаи ғоибона, сардори шуъбаи кадрҳои донишгоҳ, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети иқтисодӣ, аз соли 2016 дар вазифаи декани факултети забонҳои хориҷии фаъолият намудааст.
Абдуллоева С. нафаре буд боистеъдод, донишманд, сахтгир ва ғамхори шогирдон.
Дар муддати фаъолияташ садҳо нафар дастпарваронаш дар ҷодаи илм ба комёбӣ ноил гаштаанд. Муаллима муаллифи 2 китоби дарсӣ: «Учебное пособие по русскому языку» (кридитная система обучения), Курс лексии по русскому языку. Синтаксис буданд.
Дар зиндагӣ ба мардум некӣ карданро меомӯхт. Ба ободонию донишгустарӣ доимо машғул буда, баробари мардон қадам мениҳод. Ба ифтихор, эҳтироми ҳамагон, эҳтироми шогирдон ва корҳои зиёди баҳри некуаҳволии мардум анҷомдодаашро беҳтарин мукофот баҳри худ медонист. Дар ин баробар, шогирдонаш дар симои ӯ модари меҳрубонеро медиданд.
Сад афсӯс, ки умр ба С. Абдуллоева вафо накарду марги нобаҳангом ӯро аз байни мо рабурд. Вале ёди ӯ, роҳи паймудааш боиси ифтихори ҳамкорон, сарбаландии аҳли пайвандонаш мебошад.
Мо аҳли эҷоди рӯзнома, Раёсати донишгоҳ аз марги нобаҳангоми муаллима С. Абдуллоева сахт андӯҳгин буда, дуо мекунем, ки Худованд рӯҳи ин инсони поку наҷибро шоду хонаи охираташро обод гардонад.
«Фурӯғ»
Комрони Бахтиёр Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

МАҲБУБИ ҲАМАГОН БУД

Зиндагии инсонҳо басо пургиреҳу пурҳаводис ва ҷодаи мураккаберо мемонадки дар бораи маъниву моҳияти он дар ҳама давраҳо бузургон баҳсу ақидаронӣ намуданиҳоят ба хулоса омадаандЗиндагӣ ҷабҳаи озмоиш аст ва танҳо ба шарофати некию некукорӣрафтору гуфтори писандида кас метавонад аз ин озмоиш сарбаландона убур кунаду некном гардадаз хеш ангезаи нек боқӣ гузорадБеҳрӯз Қурбонов ин нуктаро хуб дарк кардагарчи умри кӯтоҳ дидаз худ кори неку ёди неку роҳи нек ба ёдгор монд.
Марги устод Беҳрӯз Қурбонов барои тамоми кормандони донишгоҳ ва барои шогирдонаш талафоти азим будБеҳрӯз Қурбонов зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ будабаъд аз хатми мактаби миёна соли 1989 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дохил шудаонро соли 1994 бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм кардаастСоли 1998 ба ҳайси омӯзгори факултаи забонҳои хориҷии кафедраи назария ва типологияи забони англисии Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба кор қабул шудаастБеҳрӯз Қурбонов тӯли солҳои дароз ба меҳнату заҳмати худ соҳиби обрӯю эътибор гаштазабонҳои русӣанглисӣ ва франсавиро хуб медонист.
Устод дар тайёр намудани мутахассисони риштаи забони англисӣ ва русӣ нақши бориз гузоштаастҲама шоҳиди ҳол будандки ӯ оид ба масоили илмӣ соатҳои дарсиву берун аз он бо донишҷӯён суҳбатҳо мегузарондМагар метавон чунин устоди арзишмандро фаромӯш сохтДареғоки чунин марди шарафманду сарбаланд бановақт аз байни мо рафт.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз даргузашти нобаҳангоми устоди кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ Беҳрӯз Қурбонов андӯҳгин будаба наздикону пайвандонаш аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонандРӯҳи устод шод боду номи некаш пойдор!
«Фурӯғ»

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.