расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Табибони араб кӯдакони тоҷики гирифтори нуқсони қалбро ҷарроҳии ройгон мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа

Табибони араб кӯдакони тоҷики гирифтори нуқсони қалбро ҷарроҳии ройгон мекунанд


Табибони Имороти Муттаҳидаи Араб дар беморхонаи «Истиқлол"-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳӣ аз рӯзи 12-уми июли имсол оғоз гардида то 19-уми июл идома хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз маркази матуботии беморхонаи мазкур иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, бояд дар баробари табибони араб табибони Ҳиндустон низ кӯдакони гирифтори бемории қалбро ҷарроҳӣ мекарданд, вале мутаассифона бинобар вазъияти нигаронкунандаи беҳдоштии ин давалт онҳо натвонистанд ба Тоҷикистон биоянд. Аз ин хотир мегӯяд манбаъ, «ҳоло табибони араб танҳо найчаи қалб (стен)-ро тариқи лазерӣ мегузоранд ва навъҳои дигари ҷарроҳӣ сурат нахоҳад гирифт».

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки 6 табиби иморотӣ ҳоло дар беморхонаи мазкур қарор дошта, ба кӯдакони бемори то 10-12 — сола найчаи қалб мегузоранд.

Ин кӯдакон қаблан бояд дар Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шаванд ва рӯйхати онҳо ба табибон супорида мешавад.

«Дар Вазорати тандурустӣ кӯдакон номнавис гардида, аз ташхиси табибон мегузаранд. Онҳоро ташхиси компутарии дил мегузаронанд, маълум мегардад, ки ин кӯдакон бемор ҳастанд ва оё ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд ё на».

Манбаи мо аз беморхонаи «Истиқлол» гуфт, ки дар маҷмӯъ 100 кӯдак бояд ҷарроҳӣ мешуд, вале ҳоло шояд ба 30 ё 40 нафар найчаи дил гузоранду халос. «Дар маҷмӯъ дар рӯйихат 100 нафар буданд, вале бинобар ин ки бештари онҳо бемории сӯрохии дил доранд, ҷарроҳӣ намешаванд. Зеро амалиёти ҷарроҳии сӯрохии қалбро бояд табибони ҳиндӣ мегузарониданд.

Аз ‚Истиқлол‘ ҳамзамон илова карданд, ки барои афроди беморе, ки ному насабашон дар рӯйхат нест, иштирок дар ин ҷарроҳӣ дер шуд. Ва ҳар нафаре, ки мехоҳад, ки фарзанд ё афроди наздикашон, ки аз бемории қалб азият мекашанд пешакӣ бояд дар Вазорати тандурустӣ номнавис шаванд ва бо омадани табибон онҳо метавонанд бо ҷарроҳӣ фаро гирифта шаванд.


Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.