расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,0%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

. / Ҷомеа

COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,0%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 1 сентябр ба 8619  нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7413  (86,0%) гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 69 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 83 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.