расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ДУХТАРИ НАБИЕВ: КАРИМОВ МЕХОСТ, КИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОДРО БА ӮЗБЕКИСТОН ДИҲАНД (ВИДЕО)

. / Сиёсат

ДУХТАРИ НАБИЕВ: КАРИМОВ МЕХОСТ, КИ ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОДРО БА ӮЗБЕКИСТОН ДИҲАНД (ВИДЕО)

Радиои ОзодӣМуносибат бо Ӯзбекистон чӣ хел буд дар он солҳозеро аллакай он замон дар ин кишвари ҳамсоя Ислом Каримов сари қудрат омада буд?
Мунаввара Набиева: Роҳбарияти пешини Ӯзбекистон дар шахсияти Шароф Рашидов ва Усмонхоҷаев падарамро бисёр эҳтиром мекарданд. Бо Каримов низ дар оғоз муносибатҳо бад набуданд. Аммо моҳи июни соли 1992 раисони ҷумҳури ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳамоиши ОБСЕ ба Ҳелсинкӣ рафтанд. Падарам ба хотири сарфаи пул бо ҳавопаймои Ислом Каримов ба Финляндия парвоз карданд. Дар он ҷо онҳоро хуб пазироӣ карданд ва раисони ҷумҳурии Амрикову Фаронса ва Олмон бо падарам чанд соат дар бораи Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Онҳо мехостанд ба Тоҷикистон ёрӣ расонанд. Фикр мекунам, ҳамин саҳна ба Ислом Каримов хуш наомад, чунки бисёр ӯзбекистониҳо худро гуё “бародари калонии” Тоҷикистон мешумурданд. Ба Ислом Каримов таваҷҷӯҳи хос нашуд. Ҳама чиз аз ҳамон ҷо сар шуд.
Вақте дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оташ мезад, намояндаҳои Ислом Каримов ба падарам суханони Ислом Каримовро расониданд, ки Ӯзбекистон метавонад ба Тоҷикистон дар ҳама масъала кумак кунад, вале бар ивази он бояд вилояти Ленинободро ба Ӯзбекистон бидиҳад. Албатта, ки падарам зидди ин кор буданд.
Радиои ОзодӣИн хеле ҷиддӣ аст ва инро падаратон бароятон гуфта буд?
Мунаввара Набиева: Не, ман худам инро шунидам, зеро онҳо ба ҳавлии мо омада, дар хонаи мо суҳбат карда буданд. Мо ҳама ҳамон ҷо будем.
(Аз мусоҳибаи Мунаввара Набиева, духтари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, бо Радиои Озодӣ)


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.