расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БА ХОНАИ МЕҲРНИГОР ХОСТГОР МЕФИРИСТАМ!

. / Ҷомеа

БА ХОНАИ МЕҲРНИГОР ХОСТГОР МЕФИРИСТАМ!

Меҳрнигор! Чашмони дилфиребу ҳусну ҷамоли фариштасон зебо ва садои маҳини гӯшнавозат маро ошиқи шайдо кардааст. Дилташнаи ту гаштаам. Бо дард сароидану нолаҳои ширинат маро маҷнун намудааст. 
Сурудҳоятро такрор ба такрор гӯш карда, руҳу илҳоми тоза мегирам. қадубаст, ҳаракатҳои зебо, қошпаронивунозгардониҳоят шудам. Бовар кун, дили ошиқам беқарор аст. Агар як шаб ба чашмони ҷоншикорат нанигарам, хобам намебарад. Рӯзам бо хаёли хому шабам бо орзуҳои дастнорас пушти сар мешавад. Агар рӯ ба рӯят омада изҳори ишқ кунаму гӯям «Меҳрнигор дӯстат медорам», чӣ ҷавоб медиҳӣ?! Намедонам бе ту ҳаёти ман чигуна мегузашта бошад. Ишқи маро қабул кун, фариштаи зебоям! Модарам ҳам баъди суруди «Бемор машав модар» туро дӯст дошт. Ба модарам ваъда додам, ки ҳатман бо Меҳрнигор вохӯрда дарди дил мекунам. Шояд марову ишқамро дарк мекунад. Бо сад умед интизори посухи туям. Хоҳиш мекунам, ишқамро рад насоз! Надонистам, ки расми ошиқӣ танҳо нолаву оҳаст. Надонистам, ки умри ишқи мо инқадар кӯтоҳ аст, Бо сад умед, Умед аз н. Тавилдара Посухи модари Меҳрнигор Афсонаи Рустам Арзи сипоси худро ба хонандагони «Оила», аз ҷумла ба мухлисони духтарам Меҳрнигор мерасонам. Меҳрнигор нав ба олами санъат пой ниҳода истодааст. Меҳри санъаткор шудан дар рагу пайвандаш ҷой гирифтаасту мехоҳад дар оянда ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расад. Барои занон ва духтарони санъаткор басо душвор аст. Меҳрнигор инро хуб ҳис мекунад. Ҷавонони зиёде мафтуни ҳусну ҷамол ва овози зебои Меҳрнигоранд ва ҳамчун модар ман хурсандӣ мекунам, ки духтарам сазовори боварии мардум гаштааст, вале Меҳрнигор оиладоршавиро ҳоло барвақт мешуморад. Аввал барои худ дар саҳнаи ҳунарии Тоҷикистон ва берун аз он ҷой пайдо кардан мехоҳад. Шӯҳрати ҷаҳонӣ, ки пайдо кард шояд ҷавони ба худаш муносибро ёфта оиладор мешавад. Ишқ дарди ҷонгудоз аст, вале мутаассифона ба ин ҷавон кӯмак расонда наметавонам. Қариб ҳар рӯз паёмакҳои ошиқона ба дастамон меафтад, вале Меҳрнигор ишқи касеро қабул карда наметавонад. Шарт нест ба висол расидан, агар дӯст медоред, дӯст доред. Дар дилу дар ҷонатон Меҳрнигорро ҷой кунед. подробнее тдж: https://oila.tj/news/ba-khonai-mernigor-khostgor-mefiristam

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.