расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МИРЗОМАЛИК ГУЛНИГОРРО КОРДБОРОН КАРДУ ....

Ҷомеа / Ҳаводис

МИРЗОМАЛИК ГУЛНИГОРРО КОРДБОРОН КАРДУ ....

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷайҳун хабар медиҳад, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Офоқи Қодириён, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон, бо иттилҳоми қатли ҳамсар сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун  Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ ҳамсараш Мирова Гулнигор 34-соларо, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст. Гуфта мешавад, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. "Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад",- афзудааст манбаъ. ВУД мегӯяд, нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/mirzomalik-gulnigorro-kordboron-kardu

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.