расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиши аср

. / Ҳаводис

Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиши аср

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи мудҳиши куштор хабар медиҳад, ки аз ҷониби як низомӣ сар задааст
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, куштор дар заминаи муноқишаи оилавӣ имрӯз, 20 феврал, сар задааст.
Куштори мудҳишро прапоршики қисми ҳарбии 051057 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромзода Азаматулло Азизбек, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Манбаъ меафзояд, номбурда рӯзи 20 феврал, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, ба хонаи волидайни ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омада, бо истифода аз тапончаи ПМ, ҳамсар, падар ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.
Гуфта мешавад, бо андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ,  Икромзода Азаматулло Азизбек аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Аммо вазорат дақиқ шарҳ надодааст, ки чи прапоршикро ба чунин куштори мудҳиш водор кардааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20210220/1032864217/Praporshik-Gvardiyai-milli-hamsar-khusur-khushdoman-qatl.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.