расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шароб нӯшем? Гирифторони диабети қанд бояд посухи ин суолро донанд

. / Ҷомеа

Шароб нӯшем? Гирифторони диабети қанд бояд посухи ин суолро донанд

Диабети қанд — баробари шунидани номи ин касалӣ дарҳол калимаи парҳез ба ёди кас мерасад. Баландшавии сатҳи қанд дар хун инсонро аз хӯрдани бисёр нӯшу неъмати дунё маҳрум месозад, вале зистан хоҳӣ, бояд яроқи пурқудрате дошта бошӣ, ки миёни диабетро бишканад.
Ин яроқ парҳез аст. Бархе аз гирифторони диабети қанд, хоса мардҳо, бо табибон баҳс карда, чунин даъво менамоянд: “Барои чӣ нӯшидани нӯшокиҳои спиртиро манъ мекунед, охир шароб хӯрок нест-ку! ” Посух ба ин савол чунин аст: Бале, шароб хӯрок не, заҳр аст!
Қатраи марговар
Аз меъёр зиёд нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ба одамони солим зиён дорад, барои гирифторони диабети қанд бошад, шаробнӯшӣ чандин маротиба хатарноктар аст. Бархе аз гирифторони касалии қанд ҳеҷ аз машрубот дил канда натавониста, роҳи фиреб кардани ин касалиро ҷӯё мешаванд. Онҳо гумон мекунанд, ки аз болои хӯрок камтарак шароб нӯшида, баъд доруҳояшонро истеъмол намоянд, зери таъсири инсулин таъсири шароб гум шуда, ба саломатиашон ягон хатар таҳдид намекунад. Ин хатои маҳз аст. Бемор инсулин ё дигар доруи пасткунандаи қандро истеъмол намуда, ҳатто як қатра нӯшокии спиртӣ нӯшад, он қатра метавонад барояш заҳри қотил гардад.
Спирт қандро паст мекунад?
Иддае аз беморони “ҳамадон ” маҳмадоноӣ карда мегӯянд: “ Спирт хислати пасткунии сатҳи қандро дорад, аз ин рӯ, шаробро ба ҷои инсулин ва дигар доруҳои касалии қанд истифода бурдан мумкин аст. Духтурон қатъиян ба ин андеша зид ҳастанд ва ба як овоз мегӯянд, ки диабетикҳо набояд ҷоми шаробро ҳатто ба даст бигиранд.
Байни маргу зиндагӣ
Гап сари он аст, ки спирт коркарди глюкозаро аз ҷониби ҷигар маҳдуд мекунад ва глюкоза дар ин узв ҳамчун «захираи нерубахш» ҷамъ мешавад. Вақте бемор доруи пасткунандаи қандро истифода мебарад, зери таъсири спирту дору метавонад ба гипогликемия дучор шавад. Гипогликемия ба таври шадид паст шудани меъёри глюкоза дар хун аст ва бемори ба ин ҳолат афтида аз ҳуш меравад. Вақти нӯшидани нӯшокии спиртӣ меъёри глюкоза дар хун зуд паст намешавад, аммо дар тӯли 24 соати баъди истеъмоли машрубот бемор ба гипогликемия меафтад.
Одатан ин ҳолат нимашаб ва ё субҳи барвақт рух медиҳад ва бемору наздиконаш нишонаҳои гипогликемияро эҳсос накарда, вақти қиматро аз даст медиҳанд. Сари вақт ба духтур муроҷиат накардан боиси он мегардад, ки бемор ба ҳолати кома афтад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки дар натиҷаи мастӣ аксарияти беморон наметавонанд ҳолати саломатиашонро ба наздиконашон дуруст фаҳмонанд ва ҳамин тавр кайфи лаҳзаина оқибатҳои нохушеро ба бор меорад.
Миқдори безарар чӣ қадар аст?
Тамоми нӯшокиҳои спиртиро аз рӯи қобилияти паст намудани глюкоза дар организм ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд. Ба гурӯҳи якум ҳамон нӯшокиҳое ворид мешаванд, ки дараҷаи спиртнокиашон 40 с аст: арақ, виски, коняк… Меъёри нисбатан безарари ин намуди нӯшокиҳо барои шахси бемории диабети қанддошта 50-75 мл (барои занон то 50 мл ва барои мардон то 75мл)  мебошад.
Таваҷҷуҳ
Ба шахсоне, ки аз фарбеҳӣё вазни зиёдатӣазият мекашанд, истеъмоли маводи спиртӣқатъиян манъ аст, чункиҳама гуна нӯшокиҳои спиртӣкалориянокии зиёд доранд (1 гр арақи тоза баробар ба 7 ккал аст). 100 г арақаз рӯи калориянокиаш ба шаш бурида нони сафед баробар мешавад.
Ба гурӯҳи дуюм нӯшокиҳое ворид мешаванд, ки спирт дар таркибашон камтар, тақрибан 10-12 С аст. Ба дӯстдорони оби ҷав маслиҳат медиҳем, ки пивои спиртнокиаш кам, яъне 4-5 С бинӯшанд. Миқдори безарари оби ҷав барои одамони ба диабети қанд гирифтор 300-500 мл аст. Ин миқдорро ба ҳеҷ ваҷҳ зиёд кардан мумкин нест.
Қоидаҳои бехатарӣ
Ҳангоми нӯшидани нӯшокиҳои нисбатан безарари спиртӣ низ беморони қанд бояд қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, то якуякбора баланд ё паст шудани сатҳи қандро дар хунашон пешгирӣ намоянд.
1. Танҳо дар ҳолати хуб будани натиҷаи лаборатории ташхиси хун нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин аст.
2. Пас аз нӯшидани арақ танҳо бо чунин хӯришҳо даҳон ширин намояд: картошка, нон ва маҳсулоти нонӣ. Барои пешгирии гипегликемия бемор бояд ҳамроҳаш захираи глюкозаи зуд ҳазмшаванда дошта бошад: 4 пора қанд (5 г) ва ё 200 мл шарбати мевагӣ (дар шакли моеъ глюкоза зудтар ҳазм мешавад).
3.  Баъд аз нӯшидани нӯшокии спиртӣ ҳатман меъёри глюкозаро дар хун тавассути глюкометр санҷидан лозим аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.