расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҷузъиёти парвандаи модаре, ки дар рӯзи ид 4 кӯдакашро кушт: фоҷиаи оилаи Тоировҳо

. / Ҷомеа

Ҷузъиёти парвандаи модаре, ки дар рӯзи ид 4 кӯдакашро кушт: фоҷиаи оилаи Тоировҳо

Додситонии кулли Тоҷикистон бархе тафсилоти парвандаи Назокатхон Тоирова, сокини 30-солаи ноҳияи Кӯшониёнро, ки чор фарзанди хурдсолашро кушт, нашр кардааст
 Тибқи иттилои Додситонӣ, Тоирова Назокатхон, дар хонаи истиқоматияш 4 кӯдаки аз 1 то 9-солаашро куштааст. Ҷинояти мудҳиш тақрибан соати 13:00-и рӯзи 9 сентябр содир шудааст, ки дар Тоҷикистон дар ин рӯз ҷашни Истиқлол таҷлил мешавад.
Манбаъ афзуд, ки Назокатхон 4 писараш – Аниси 1,5-сола,  Юнусҷони 6-сола,  Акбари 8-сола ва Юсуфҷони 9-соларо бо роҳи буғӣ кардан куштааст.
Қатли чор писари хурдсол аз сӯи модарашон дар Хатлон: худаш ба пулис хабар додааст
Додситонӣ афзуд, ки ин зан пас аз ба охир расонидани ҳаракатҳои ҷинояткоронааш бо мақсади даст ба худкушӣ задани 10 дона ҳаби "демидрол"-ро истеъмол карда, ба ҳуҷрае, ки ҷасадҳои фарзандонаш хобида буданд даромада, бо ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худ, шавҳараш ва фарзандони ноболиғаш оташ мезанад.
“Азбаски ӯ доруи демидролро истеъмол карда буд, дар назди ҷасадҳои фарзандонаш хобаш мебарад ва новобаста аз иродаи ӯ оташ аланга нагирифта, хомӯш мегардад. Тахминан соати 16:00, ӯ аз хобаш бедор шуда, бо худиқрорӣ ба идораи милиса дар шаҳри Бохтар ҳозир шудааст”, - таъкид кард додситонӣ.
Додгоҳ дар пайи баррасии қазия Назокатхон Тоироваро ба 25 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20210125/1032687042/juziyot-parvanda-modare-ki-4-kdakashro-kusht.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.