Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон ва бонувон бузургтарин қувва бар зидди терроризм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ мебошанд»


Модарон ва бонувон бузургтарин қувва бар зидди терроризм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ мебошанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар, ки дирӯз дар Кохи Борбад доир гардид, таъкид намуда, зикр карданд, ки давлату ҳукумат ба қувваи онҳо такя мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар мубаддал ёфтаанд ва ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Пешвои миллат аз модарону бонувон даъват ба амал оварданд, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёкони хеш бошанд.

Роҳбари давлат ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки бонувон ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон