расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Мансабдорони узбек ба давлат беш аз 500 млрд сӯм зарар расондаанд

. / Иқтисодиёт

Мансабдорони узбек ба давлат беш аз 500 млрд сӯм зарар расондаанд


Яке аз муассисаҳои давлатии Узбекистон.

Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар он кишвар 1723 мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Ба огаҳии додситонӣ, 132 нафари ин мансабдорон дар фасодкорӣ айбдор гаштаанд.
Ҳамчунин 58 мансабдор барои сӯистифода аз мақом, 227 кас барои қаллобӣ ва 835 тани дигар ба хотири азхудкунии амволи ғайр ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Бештари муҷозотшудаҳо (1669 кас) дар бахшҳои ноҳиявию шаҳрии вазорату идораҳои давлатии Узбекистон кор мекардаанд.
Додситонии Узбекистон мегӯяд, дар натиҷаи ҷинояткории мансабдорони мазкур давлат 500,1 млрд сӯм ($47,6 млн) зарар дидааст. Дар натиҷаи тафтишот 355, 7 млрд сӯм ($33,8 млн) ба давлат баргардонида шудааст.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.