расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Антониу Гутерриш мехостааст як давраи дигар раиси СММ боқӣ бимонад

. / Ҷаҳон

Антониу Гутерриш мехостааст як давраи дигар раиси СММ боқӣ бимонад

Гуфта мешавад, ки ӯ мунтазири поёни интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА будааст.

Антониу Гутерриш
Антониу Гутерриш раиси барҳоли СММ мехостааст, ки барои як давраи дигар номзади Дабири Кулли ин ниҳоди муътабари ҷаҳонӣ шавад. Дар ин бора BBC бо такя ба манбаъҳои Блумберг аз ҳисоби дипломатҳои баландпояи Шӯрои амнияти Созмони миллал хабар медиҳад.
Бино ба ин гузориш Гутерриш дар бораи ин тасмими худ, рӯзи 11-уми январ панҷ узви доимии Созмони миллаи муттаҳидро хабардор кардааст.
Гутерриши 71-сола, нахуствазири собиқи Португалия буд, ки соли 2017 барои як давраи панҷсола раиси СММ интихоб шуд.
Давраи раёсати Гутерриш дар поёни соли 2021 ба итмом мерасад ва мувофиқи тартиби мавҷуд дар ин ниҳод номзадҳо чанд моҳ пеш аз интихоби раиси нав ба Шӯрои амният хабар медиҳанд.
BBC мегӯяд, ки Антониу Гутерриш барои эълони тасмими худ мунтазири анҷоми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ИМА будааст, зеро даврони раёсати Доналд Трамп барои раиси СММ давраи осоне набудааст.
Дар интихоботи раиси СММ номзаде ба даври дигар раҳ меёбад, ки бояд раъйи 9 узви Шӯрои амниятро дошта бошаду аз аъзои доимии Шӯрои амният ҳеч раъйи мухолифе набояд дошта бошад.
Пас аз ин арҳала ин номзад бояд раъйи аксарияти аъзои Маҷмаии умумии СММ ба даст биоварад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.