расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ӯзбекистон бо 7 кишвар манъи парвозҳоро боз тамдид кард

. / Ҳаводис

Ӯзбекистон бо 7 кишвар манъи парвозҳоро боз тамдид кард

Аз замони хуруҷи коронавирус бо Тоҷикистон танҳо як парвози чартерӣ анҷом шудаасту халос.


Сурат: uzreport.news
Ӯзбекистон  парвозҳои ҳавоии худро бо баъзе кишварҳо барои як моҳи дигар тамдид кард. Дар ин миён кишварҳои  Бритониё, Итолиё, Дания, Утриш, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ  ҳастанд, ки то 1-уми феврали соли равон манъи парвозҳои бо онҳо тамдид карда шудааст.
Ҳарчанд дар миёни кишварҳое, ки манъи парвозҳо бо онҳо то як моҳи дигар тамдид шудааст Тоҷикистон нест, вале парвозҳо миёни Ӯзбеистону Тоҷикистон баъд аз баста шудани марзҳо бар асари коронавирус то кунун аз сар гирифта нашудаанд. Дар ин миён танҳо як парвози чартерӣ анҷом шудаасту халос.
Мақомҳои ӯзбекистонӣ гуфтаанд, ки ин тасмимро комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза зидди коронавируси Узбекистон бо назардошти вазъи эпидемиологии кишварҳои мазкур қабул кардааст. Мақомоти Узбекистон пештар, дар пайи ошкор шудани намуди нави коронавирус дар Бритониё, парвозҳо ба чандин кишвар, аз ҷумла баъзе аз кишварҳои аврупоиро то 10-уми январ манъ карда буданд.
Тибқи қарори комиссия, вуруди шаҳрвандони кишварҳои мазкур ё шахсони бешаҳрвандие, ки дар онҳо доимӣ ба сар мебаранд, ҳамчунин шаҳрвандони кишвари севум, ки давоми 14 рӯзи ахир аз он давлатҳо боздид кардаанд, ба Узбекистон манъ аст. Шаҳрвандони Узбекистон, ки давоми 14 рӯзи ахир дар Бритониё, Итолиё, Дания, Австрия, Австралия, Нидерландия ва Африқои Ҷанубӣ буданд, ҳангоми баргашт ба ватан 14 рӯз карантин хоҳанд шуд.
Бино ба умедвориҳои мақомоти Тоҷикистон интизор меравад, ки парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар охири январ аз сар гирифта мешаванд. Ин нуктаро раиси Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ҳафати гузашта ба "Азия-Плюс" гуфта буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.