Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё (02.03.2017)


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Вяйнямё Нийнистё барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия табрику таҳният мегӯям. Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра кишварҳои мо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила равобити ҳасана ва ҳамкориҳои судманди байнидавлатиашонро ба роҳ монда, ҷиҳати рушди онҳо пайгирона талош меварзанд. Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳарчи бештари муносиботи дӯстонаи миёни ду кишвар буда, таъкиди омодагӣ менамояд, ки минбаъд низ дар ин самт имкониятҳои мавҷударо мавриди татбиқ қарор диҳад. Бо истифода аз фурсати фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Финляндия амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам». 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон