Путин дар мавриди муҳоҷирони тоҷик: Мо роҳи ҳалро ёфтем

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия ба масъала афви беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, дахл кардаанд. 

“Независимая газета” навишт, масъалаи афви муҳоҷирони тоҷикро дар мулоқоти ду раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузошт. Владимир Путин гуфтааст, “мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Дар умум роҳи ҳалро ёфтем ва бар асоси тавофуқоти бадастомада бо раисиҷумҳури Тоҷикистон кор хоҳем кард”.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти Раҳмону Путин ҷонибҳо қайд кардаанд, ки “ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Русия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нишасти хабарие, ки баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш баргузор шуд, гуфт, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардидаанд: "Мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд". 

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, марзи як миллионро убур кардааст. Дар чанд соли ахир дар пайи шадид шудани қонунҳои Русия дар бораи муҳоҷирон ҳазорҳо нафар ихроҷ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди онҳоеро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, 270 ҳазор мегӯянд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон