Лижаронии Назарбоев ва Путин пеш аз мулоқоти расмӣ

Президенти Русия Владимир Путин сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз Қазоқистон шурӯъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои руси ӯ рӯзи якшанбе бо ҳам дар осоишгоҳи наздикии Алмато лижатозӣ карданд.

Дар гуфтушуниди расмии онҳо, рӯзи 27 феврал, ҳамкориҳои дуҷониба, масъалаҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла сулҳи Сурия мавриди бюаррасӣ қарор гирифтанд.

Владимир Путин аз Алмато ба Душанбе парвоз ва бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоном дидору гуфтушунид хоҳад кард. Сафари ӯ ба Тоҷикистон расмист ва дар ҷараёни он як силсила санадҳои байнидавлатӣ ба имзо хоҳанд расид.

Рӯзи 28 феврал Путин ба Қирғизистон сафар бо раисиҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев мулоқот хоҳад кард.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон